Ҳамла ба киштии Исроил дар шимоли Уқёнуси Ҳинд

 Ҳамла ба киштии Исроил дар шимоли Уқёнуси Ҳинд

Манобеи хабарӣ аз ҳамла ба як киштии исроилӣ дар шимоли Уқёнуси Ҳинд хабар доданд.

Манобеи хабарӣ аз ҳамла ба як киштии исроилӣ дар шимоли Уқёнуси Ҳинд хабар доданд.

Шабакаи хабарии Алмаёдин аз мавриди ҳамла қарор гирифатани як киштии исроилӣ дар шимоли Уқёнуси Ҳинд хабар дод.

Бар асоси гузориши манбаъ, ин киштӣ бо силоҳи номаълум мавриди ҳамла қарор гирифтааст ва шуълаҳои оташи он ба осмон баланд шудааст.

Тибқи гузориши манбаъ, то ҳол касе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифта ва наметавон гуфт, ки чӣ касе масъули ин ҳамла мебошад.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ навиштаанд, ки киштии мавриди ҳамла қарор гирифта мутааллиқ ба Исроил буда, аммо сарнишинони ин киштӣ исроилӣ набудаанд.

Як коршиноси умури низомӣ ҳам дар шабакаи 13 Исроил гуфт, ки ин ҳамла аз суи Эрон буда ва киштии ҳадаф қарор гирифта ба тоҷирони исроилӣ тааллуқ доштааст.

Манобеи хабарии дигар ба мисли Ройтерз ҳам ҳамла ба киштии исроилиро тасдиқ кардаанд, аммо сабаби ҳамла мушахас нест.

Шабакаи Алҳадаси Арабистони Саудӣ ҳам муддаи шуд, ки ин ҳамла тавассути мушак анҷом шудааст.

Алмаёдин номи ин киштиро “CSAV TYNDALL” эълон кардааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки расонаҳои исроилӣ гуфтаанд, ки эрониҳо талош мекунанд, ки ҳамлаҳои онҳо кушта надиҳад ва танҳо ба дунбали интиқоли паём ба Исроил ҳастанд.