Сайидҳасан Насруллоҳ: «Дар муқобили мо душмани аҳмақ қарор дорад»

 Сайидҳасан Насруллоҳ: «Дар муқобили мо душмани аҳмақ қарор дорад»

Ба муносибати озодии ҷануби Лубнон, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон Сайидҳасан Насруллоҳ сионистҳоро аз як саёҳати нав дар Лубнон ҳушдор дода, таъкид кард, ки «пирӯзии соли 2000-умро мардуми Лубнон ва муқовимат ба даст оварданд».

Ба нақл аз манобеи маҳалли хабарӣ, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, ба муносибати солгарди озодии ҷануби Лубнон ва пирӯзии муқовимат гуфт: «Имрӯз мо ду пирӯзиро дар моҳи май ҷашн мегирем, яке 25 майи соли 2000 дар Лубнон ва дигараш 21 майи 2021 дар Ғазза.

Муқовимати Фаластин дурахшид

Сайидҳасани Насруллоҳ дар оғози суханронии худ бо ишора ба ҷанги Ғазза дар муқобила бо саҳюнистҳо муқовимати Фаластинро бо ин пирӯзӣ табрик гуфт ва эълом кард: “Пешвоёни ҳаракатҳои муқовимати Фаластин ва фармондеҳони шохаҳои низомии он ҷанги ахир дар Ғазза дурахшиданд ва ин муқовимат дар Ғаззат, як гоми беназири таърихӣ дар таърихи низоъ бо душман буд”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон суханронии худро ба муносибати озодсозии ҷануби Лубнон идома дод: “Ғалабаи соли 2000 аз ҷониби мардуми Лубнон ва муқовимат ба даст оварда шуд ва натиҷаи фидокории ҷунбишҳо ва ҳизбҳои миллӣ буд”.

 Озодсозии Лубнон дар соли 2000 санги бинои пирӯзиҳо буд

Вай дар идома афзуд: «Яке аз омилҳои муҳим дар пирӯзии соли 2000 ин мавқеи расмӣ ва устувори мансабдорони ин кишвар буд (собиқ раисиҷумҳур Эмил Лаҳуд, раиси парлумон Набиҳ Беррӣ ва сипас сарвазири Лубнон Салим ал-Ҳусс.»

Сайидҳасани Насруллоҳ таъкид кард: “Озодии Лубнон дар соли 2000 давраи пирӯзиро бино ниҳод ва дар он рӯз муқовимати ин пирӯзиро ба Фаластин тақдим кард, зеро ҳадаф онҷо буд”.

Вай идома дод: «Пирӯзии Лубнон дар соли 2000 дӯстон ва душманон ва масъалаи Фаластин ва раванди даргириҳоро дар самтҳои гуногуни стратегӣ қарор дод.»

Сабаби ҷанги ахир дар Ғазза аблаҳии роҳбарони душман ва ҳисобҳои нодурусти он буд

Насруллоҳ суханашро идома дода, ба ҷанги Ғазза ишора кард ва изҳор дошт, ки сабаби ҷанги охирини Ғазза аблаҳии роҳбарони душман ва ҳисобҳои нодурусти он аст. Вуруди Қудс ба доираи таҳдид хатареро ба бор овард, ки сарони муқовиматро водор сохт, ки мавқеи таърихӣ, қатъӣ ва навро пеш гирад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: «Арзёбии Исроил ин буд, ки вокуниш (-и муқовимат) ба тарҳи яҳудигардонӣ дар Байтулмуқаддас аз гуфтор ва изҳорот берун нахоҳад рафт.

Рафтори муқовимати Фаластин як қадами беназири таърихӣ дар таърихи изоъ бо душман буд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: «Он чизе ки Ғазза анҷом дод, як қадами пешрафтаи таърихӣ дар таърихи низоъ бо душман аст, ки хеле арзишманд аст. Ғазза дӯст ва душманро дар тасмими худ барои иҷрои таҳдидҳояш дар посух ба амали режими ишғолгар дар Қудс ҳайрон кард. Хатои муҳимтарин дар арзёбиҳои душман он буд, ки ба мафкурааш ҳам намерасид, ки Ғазза як тасмими таърихии муҳим бигирад”.

Таҳаввули таърихӣ дар набарди «Шамшери Қудс»; Ғазза аз Қудс ҳимоят кард

Дар ин робита Сайидҳасани Насруллоҳ ба таҳаввули таърихӣ дар ҷанги Ғазза ишора карда гуфт: “Мардуми Ғазза ва муқовимати он омода буданд дар роҳи Қудс ва Масҷидулақсо дифоъ ва фидокорӣ кунанд. Таҳаввули таърихӣ дар ҷанги “шамшери Қудс” ин буд, ки Ғазза ббарои ҳимоят Қудс ва мардуми он вориди ҷанг шуд, на барои ҳимоят аз Ғазза”.

Вай ба сионистҳо муроҷиат кардау гуфт: «Зарурат дорад бидонед, ки осеб расонидан ба Қудс ва Масҷидулақсо аз дигар таҷовузҳое, ки шумо мекунед, фарқ мекунад.»

Насруллоҳ гуфт, ки ҷанги шамшери Қудс нишон дод, ки саҳюнистҳо бояд дарк кунанд ва арзёбиҳои худро бознигарӣ кунанд.

Вай афзуд: “Муқовимати Ғазза муодилаи наверо ба вуҷуд овард, ки масҷидулақсо ва Қудс бар зидди «муқовимати мусаллаҳона» аст.

«Қудс алайҳи ҷанги минтақавӣ» муодилаи нави Насруллоҳ аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар Лубнон дар бораи муоидали ҷадид дар ҷанги оянда бо режими саҳюнистӣ сухан гуфт ва афзуд: «Муодилае, ки мо бояд ба он бирасем ин аст: Қудс алайҳи ҷанги минтақавӣ ва таҷовуз ба Қудс ба маънои ҷанги минтақавӣ аст ва маънои он нобуд кардани Исроил мебошад. Агар Исроил бо ин муодила дучор ояд, медонад, ки ҳар гуна иқдоме боиси нобудии он хоҳад шуд”.

Насруллоҳ илова кард, вақте, ки муқаддасоти исломӣ ва масеҳӣ дар хатари ҷиддӣ қарор бигиранд, хатҳои қирмиз маъное надоранд. Тамоми ҷаҳон дар ҷанги ахир дид, ки як миллати Фаластин вуҷуд дорад, ки бо як рӯҳ ба сӯи як ҳадаф ҳаракат мекунад”.

Дар ҷанги ахири Ғазза «созишномаи аср» барҳам хӯрд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон идома дод: «Ҷанги шамшери Қудс мақом ва эътимоди масъалаи Фаластинро барқарор кард ва онро бар дӯши расонаҳо гузошт. Яке аз натиҷаҳои ин набард, эҳёи фарҳанг ва рӯҳияи муқовимат ҳамчун ягона роҳи бозгардондани сарзамин буд. Ҷанги шамшери Қудс зарбаи ҳалокатовар ба раванди эътидол ва оддисозии кишварҳои созишкор ва расонаҳои онҳо буд. Пас аз ин ҷанг, мо ба таври возеҳ гуфта метавонем, ки созишномаи аср сарнагун ва шикаста шуд. Натиҷаи дигари ҷанги шамшери Қудс дубора пайдо шудани чеҳраи зишт ва воқеии Исроил ҳамчун «режими апартеид» буд.

Ҷанги ахир қобилияти мушакии муқовиматро нишон дод

Сайидҳасани Насруллоҳ ба дастовардҳои ин даври ҷанги муқовимати Ғазза ишора карда изҳор дошт: «Инчунин, яке аз натиҷаҳои ҷанги шамшери Қудс ҳидояти қутбнамо дар минтақа ба сӯи душмани воқеӣ аст. Натиҷаи дигари ин ҷанг вуруди Навори Ғазза ба «тамоми муодилаи Фаластин» аст, ки як қадами бузурге ба пеш дар ҷанг аст. Яке аз дастовардҳои ахири муқовимат дар Ғазза қудрати идомаи партоби мушакҳо дар соатҳое буд, ки қаблан эълом карда буд. Ҷанги ахир қобилияти мушакии муқовимат дар сатҳи сифатӣ ва миқдорӣ ва борди мушакҳоро нишон дод”.

Ӯ таъкид кард: “Натиҷаи дигари ин ҷанг шикасти режими саҳюнистӣ дар муқобили мушакҳои муқовимат буд, ки баёнгари шикасти иттилотии душман аст. Нетаняҳу бошад, бо гунбази оҳанин ифтихор дошт ва онро дар ҳар бозоре муаррифӣ мекард”.

Фалаҷ кардани амнияти режими саҳюнистӣ як дастоварди бесобиқаи низомӣ буд

Вай афзуд: “Вақте ки Исроил дар ҳама ҷо дар Фаластин худро ноамн эҳсос мекунад, ҳадди ақал кореро, ки метавонад анҷом диҳад ин аст, ки ин сарзаминро тарк кунад. Яке аз дастовардҳои муҳими ҷанги шамшери Қудс фалаҷ кардани амнияти режими саҳюнистӣ буд, ки як дастоварди низомии бесобиқа аст”.

Ҷанги ахир хатти бутлоне бар чеҳраи амни режими саҳюнистӣ дар хориҷ кашид

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба натиҷаҳо ва оқибатҳои ин ҷанг ва даргириҳои дохилӣ дар қаламравҳои ишғолшуда изҳор дошт: “Яке аз натиҷаҳои ҷанги ахир ин хатми чеҳраи амни режими саҳюнистӣ дар хориҷ буд. Натиҷаи дигари ин ҷанг дар он буд, ки режими истилогар маҷбур шуд бо минтақаҳои соли 1948 бо фаластиниҳо муқовимат кунад, ки онро душмани саҳюнистӣ ҳамчун таҳдиди вуҷудӣ тавсиф мекунад”.

Қавитарин артиши минтақа натавонист ворди ҷанги заминӣ шавад

Насруллоҳ гуфт: «Яке аз оқибатҳои ҷанги ахир дар Ғазза шикасти душман дар расидан ба анборҳои мушакҳои муқовимат буд, ки ҳанӯз партоб нашудаанд. Натиҷаи дигари ин ҷанг шикасти душман дар арзёбии посухи Ғазза ва фаластиниён дар соли 1948 буд. Яке аз зуҳуроти шикасти душман дар ҷанги охирин он буд, ки ӯ ба ҷанги заминӣ ворид нашуд. Артиши пурқувваттарин дар минтақа натавонист ба ҷанги заминӣ ворид шавад ва ин шикасти стратегӣ аст ва на фақат як шикасти оддӣ. Инчунин яке аз зуҳуроти шикасти душман нотавонии онҳо дар ироаи чеҳраи пирӯзи буд”.

Сайидҳасани Насруллоҳ дар бораи озодии ҷануби Лубнон идома дод ва гуфт, ки муқовимат дар Лубнон рӯз ба рӯз қавитар мешавад ва омодагӣ мегирад. Муқовимат дар Лубнон бо истинод ба мавқеи расмӣ ҳам дар қудратмандтарин ҷойгоҳи худ қарор дорад”.

Насруллоҳ ба сионистҳо муроҷиат мекунад: Вазъияти мо аз Ғазза фарқ мекунад, аз ин рӯ хато накунед

Вай ба сионистҳо муроҷиат карда, гуфт: «Дар баҳо додан ба Лубнон ба хатогиҳо роҳ надиҳед ва арзёбиҳои ғалат накунед,, чунон ки шумо дар мавриди Ғазза ғалат кардаед ва шумо медонед, ки вазъи мо дигар аст.»

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ба шаҳодати «Муҳаммад Таҳон», як ҷавони лубнонӣ, ки дар марзи Фаластин ва дар роҳи Қудс аз ҷониби ҷангиёни саҳюнистӣ ба шаҳодат расид, ишора кард ва гуфт: «Мо бояд хӯни Муҳаммад Таҳонро ба ҳисоби худ бо душман илова кунем”.

Насруллоҳ ба ишғолгарони саҳюнист муроҷиат карда таъкид кард: «Мо хуни Муҳаммад Таҳонро мунтазир хоҳем буд, аммо онро раҳо нахоҳем кард ва хуни ин шаҳид ба хуни Алӣ Комил Моҳсен илова хоҳад шуд.»

Ду роҳ барои ташкили ҳукумати Лубнон

Вай дар идома ба баррасии масъалаи сиёсии Лубнон ва ташкили ҳукумат дар кишвар пардохт ва изҳор дошт: “Мушкилоти ташкили ҳукумат танҳо як мушкили дохилист. Ду роҳи ташкили ҳукумат вуҷуд дорад ва ҳеҷ роҳи ҳалли сеюм вуҷуд надорад; ё созиш ва тавофуқ байни президенти кишвар Мишел Аун ва Саъд Ҳарирӣ, сарвазири муваққатӣ ва ё кӯмаки Набиҳ Берри, раиси парлумон.

Сайидҳасани Насруллоҳ ба масъалаи Фаластин бозгашт ва гуфт, ки устувории меҳвари муқовимат дар кишварҳои мухталиф пуштибони аслӣ ва фишанги пирӯзӣ дар Фаластин буд. Душманону дӯстон бояд дар бораи суханони Оятуллоҳ Систонӣ дар бораи Фаластин андеша кунанд. Дар ҷаҳон шунавандагони зиёде бо дину мазҳаб ва андеша ва сиёсатҳои мухталиф вуҷуд доранд, ки имрӯз ҷонибдори фарҳанги муқовимат ҳастанд”.

Яман қудрати бузурги меҳвари муқовимат

Вай дар идома ба муқовимат дар Яман ишора кард ва гуфт, ки амалкарди Яман, бо вуҷуди муҳосира дар ҳама минтақаҳо, олӣ аст ва неру ва қудрати бузурге барои меҳвари муқовимат би ҳисоб меояд”.

Ҳалокати Исроил наздик аст

Сайидҳасан Насруллоҳ изҳор дошт: “Нобудии Исроил наздик аст ва масаъали он фақат масъалаи замон аст. Саволе ба миён меояд, ки агар нақшаҳое, ки дар минтақаи мо дар солҳои охир сохта шуда буданд, муваффақ мебуданд, чигуна ба Фаластин таъсир мерасонд?!