Ҳимояти Мирзиёев аз амалиёти низомии Русия дар Украина

 Ҳимояти Мирзиёев аз амалиёти низомии Русия дар Украина

Мирзиёев ва Путин тайи сӯҳбати телефонӣ вазъияти Украинаро баррасӣ ва дар бораи ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра ба мувофиқа расиданд.

Ба гузориши дафтари матуботии Кремл, Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин, руасои ҷумҳури Узбекистон ва Русия суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Зимни суҳбат раҳбари Русия дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина маълумот дод.

«Бо ташаббуси ҷониби Узбекистон Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Шавкат Мирзиёев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Владимир Путин дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи ҷумҳуриҳои Донбасс иттилоъ дод»,- омадааст дар хабари матбуотӣ.

Мирзиёев дар бораи мавқеъ ва амали Русия бо дарки вазъ сухан гуфт.

Илова бар ин, раҳбарон масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла татбиқи созишномаҳо, ки дар натичаи сафари президенти Узбекистон ба Федератсияи Россия ба даст омад, баррасӣ карданд.

«Сарони давлатҳо ба муносибати 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Федератсияи Русия ва Узбекистон табодули назар карданд», — омадааст дар хабари Кремл.

Президентҳо ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории Маскав ва Тошканд дар самтҳои муҳими тиҷорат ҳавасмандии тарафайн изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро «ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд».

Ба ин далел, Русия «безараргардонӣ ва нозизудоии Украина»-ро анҷом медиҳад ва қасд дорад тамоми ҷинояткорони ҷангиро, ки барои «ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта» дар Донбасс масъуланд, ба ҷавобгарӣ кашад.

Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. Путин таъкид кард, ки дар бораи ишғоли Украина гап нест.