Ҳимоят аз Фаластин дар хиёбонҳои Лондон

 Ҳимоят аз Фаластин дар хиёбонҳои Лондон

Гидиҳамоии эътирозӣ дар ҳимоят аз Фаластин дар Лондон баргузор шуд.

Ҳазорон нафар дар Лондон, пойтахти Англис ба нишони пуштибонӣ аз фаластиниҳо ва маҳкум кардани таҷовузи Исроил алайҳи Навори Ғазза тазоҳурот карданд.

Дар кӯчаҳо ба сӯи биноҳои ҳукумати Бритониё намоишҳо баргузор шуданд ва дар ниҳоят эътирозгарон дар як парк ҷамъ омаданд.

Тазоҳуркунандагон шиорҳои «Озодӣ ба Фаластин, Исроилро бойкот кунед» ва «Бас кун апартеид».

Эътирозгарон инчунин аз ҳукумати Бритониё даъват карданд, ки чораҳоеро ба монанди бойкот кардани Исроил барои пешгирии наслкушии фаластиниҳо андешад.

Муътаризон хостори таҳрими Исроил ва амнияти минтақа шуданд.