Ҳукми 9 соли зиндон барои Иззат Амон

 Ҳукми 9 соли зиндон барои Иззат Амон

Иззат Амон

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва раиси "Маркази тоҷикон" ба 9 сол ҳабс маҳкум шудааст.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва роҳбари «Маркази тоҷикон» дар Маскав 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндон  маҳкум гардид.

Саидбурҳон Шарифов, вакили дифои Иззат Амон гуфтааст, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои қарори он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Саидбурҳон Шарифов гуфт: “Додгоҳ умуман, қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”- ро поймол карда, ба зерҳимояи ман ҳукм содир кард. Ин ҳукм  ғайриқонунӣ аст. Вақте ки қонун амал мекунад, додгоҳ бояд адолатро риоя кунад. Бояд нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ мегардид.”

Аз ин пештар, вакили дифои ин фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон изҳори умедворӣ намуда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлолият парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Ӯ гуфта буд, Иззат шонси сад дарсадии афв шуданро дорад.

Саидбурҳон Шарифов қаблан гуфта буд, ки барои талофӣ кардани 12,5 ҳазор сомонии зарари боқимонда мушкилӣ пеш омадааст ва баъди пардохт кардани он фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон барои татбиқи қонуни авф нисбаташ ариза пешниҳод мекунад.

Иззат Амон, роҳбари “Маркази тоҷикон” дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия рабуда шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони «қаллобӣ ба миқдори махсусан калон» (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Ба иттилои Додситони кулли кишвар, чанд нафар даъво кардаанд, ки гӯё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, “ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Атрофи Иззат Амон хабарҳо зиёд буд; аз як сӯ вайро шомили қонуни афв медонистанд ва аз сӯи дигар бархе мақомот талаби 9 соли зиндон барои вай карда буданд, ки охир ҳам ҳамин ҳамчун ҳукм барои ин фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон мавриди таъйид қарор гирифт.