Ҳушдори Эрон ба Амрико ва се кишвари аврупоӣ

 Ҳушдори Эрон ба Амрико ва се кишвари аврупоӣ

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон хитоб ба Амрико ва се кишвари аврупоӣ гуфт, ё гузинаи дипломатирро дар пай мегиред ва ё дар ҷиҳати мухолиф иқдом мекунед, мо барои ҳар ду ҳолат омодаем.

Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар Твиттер навишт: «Исроил ба унвони душмани дараҷа якуми Барҷом, мухолифи паймони манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва танҳо дорандаи силоҳи атомӣ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо аст. Мо инро медонем. Ҷаҳон ҳам медонад.»

Вай илова кард, ки замони он расидааст, ки се кишвари аврупоӣ ва Амрико аз хоби дуруғин худ бедор шаванд.

Хатибзоза гуфт, онҳо ё метавонанд гузинаи дипломатиро дунбол кунанд ва ё дар ҷиҳати мухолиф иқдом кунанд. Мо барои ҳар ду омодаем.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон пеш аз ин ҳам гуфта буд, ба ҳар иқдоми ғайри созанда дар Шӯрои мудирон посухи муносиб медиҳем ва масъулияти паёмадҳои он бар уҳдаи онҳое аст, ки аз тариқи Шӯрои мудирон ба Эрон фишор ворид мекунанд.

Ройтерз гузориш дод, ки Амрико, Фаронса, Англис ва Олмон қатъномаи пешниҳодӣ бо мавзуи барномаи атомии Эрон ба Шӯрои мудирон ироа кардаанд.