Ҳушдор дар бораи бозпайдоии таҳдиди ДИИШ

 Ҳушдор дар бораи бозпайдоии таҳдиди ДИИШ

Раиси Ҳизби демократи Курдистон ва ҳамчунин раиси минтақаи Курдистони Ироқ дар бораи хатари бозпайдоии ДИИШ дар ин минтақа ҳушдор доданд.

Минтақаи Курдистони Ироқ дар як ҳафтаи гузашта шоҳиди ду ҳамлаи террористӣ тавассути бозмондаҳои ДИИШ буд.

Вазорати пешмарга дар Курдистони Ироқ якшанбеи гузашта (28 ноябр) эълом карданд, ки панҷ нафар аз нерӯҳои пешмарга дар ҳамлаи мунтасаб ба гуруҳи террористии ДИИШ дар минтақаи Гармиён кушта шуданд. Бино ба эъломи Нерӯҳои пешмарга шанбешаб як бомби канори ҷодаӣ дар масири худрави ин неруҳо мунфаҷир шуд. Дар ин ҳамла чаҳор нафар низ захмӣ шуданд. Шомгоҳи панҷшанбе (дувуми декабр) низ нерӯҳои террористии ДИИШ ба як рӯстои курднишин дар иқлими Худмухтори иқлими Курдистони Ироқ ҳамла карданд. Ба гуфтаи мақомоти курди ироқӣ дар ин ҳамла, террористҳои ДИИШ се тан аз сокинони рӯсторо қабл аз инки муваффақ ба фирор шаванд, куштанд.

Ин ҳамалоти бозмондаҳои гуруҳи террористӣ сабаби бурузи нигаронии мақомоти минтақаи Курдистон шуд. Начирвон Боризонӣ, раиси иқлими Курдистони Ироқ, афзоиши шумори ҳамалоти ДИИШ-ро «ҳомили паёме хатарноку ҷиддӣ» донист. Масрур Боризонӣ, нахуствазири иқлими Курдистони Ироқ низ ҳамлаи гурӯҳи ДИИШ-ро ба унвони «таҳдиде» барои сокинони минтақа ёд кард. Масъуд Боризонӣ, раиси Ҳизби демократи Курдистони Ироқ рӯзи шанбе дар вокуниш ба ҳамлаи ин гуруҳ, нисбат ба хатари бузурге, ки бо афзоиши ин ҳамалот дар камини минтақаи Курдистони Ироқ аст, ҳушдор дод.

Ҳамалоти гуруҳи террористии ДИИШ дар минтақаи Курдистони Ироқ дар ҳоле анҷом мешавад, ки минтақаи Курдистон дар рӯзҳои ахир шоҳиди тазоҳуроти мардумӣ ба хусӯс тазоҳуроти донишҷӯёни зидди давлати маҳаллии Арбил буд. Ба иборати дигар, амнияти иҷтимоӣ дар минтақаи Курдистон дар рӯзҳои ахир бо мушкил мувоҷеҳ шуда буд.

Илова бар ин, ҳамалоти ДИИШ дар минтақаи Курдистон дар шароите анҷом мешавад, ки камтар аз як моҳ ба хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Ироқ боқӣ мондааст. Мутобиқи тавофуқе, ки Мустафо Ал Козимӣ, нахуствазири Ироқ ва Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико анҷом доданд, низомиёни амрикоӣ бояд то поёни соли ҷории милодӣ аз Ироқ хориҷ шаванд. Бархе аз мақомоти минтақаи Курдистон, аз ҷумлаи мухолифони хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд.

Аз сӯи дигар, ҳар гоҳ дар Ироқ мавзӯи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ ба таври ҷиддӣ пайгирӣ шуд, ҳамалоти гуруҳи террористии ДИИШ низ афзоиш доштааст. Бинобар ин, баъид нест, ки ҳамалоти террористии як ҳафтаи ахири бозмондаҳои ДИИШ ба манотиқе дар Курдистони Ироқ, барномарезӣ шуда ва бо иттилои амрикоиҳо анҷом шуда бошад то ба баҳонаи ин ҳамалот ва ҳамчунин матраҳ кардани хатари бозпайдоии ДИИШ, заминаи тадовуми ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ фароҳам шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2014 замоне, ки афроди ин гуруҳи террористӣ  ба самти минтақаи Курдистони Ироқ ҳаракат карданд, амрикоиҳо ҳозир нашуданд ба давлати маҳаллии Курдистони Ироқ кумак кунанд ва танҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо фармондеҳии сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи фақиди нерӯи Қудси сипоҳ ба давлати маҳаллии Курдистон барои мубориза бо тероризми ДИИШ кумак кард.

Нуктаи дигар низ ин аст, ки ҳамалоти ДИИШ дар шароите анҷом мешавад, ки ҳамчунон миёни Нерӯҳои пешмарга ва нерӯҳои амниятии давлати марказии Ироқ ихтилоф вуҷӯд дорад, мавзӯе, ки Начирвони Боризонӣ низ ба он ишора кард. Раиси минтақаи Курдистони Ироқ эълом кард, таҳдидҳо ва ҳамалоти рӯзонаи гуруҳи террористии ДИИШ, ниёзманди ин аст, ки тадобире онӣ иттихоз шавад то ихтилофи амниятӣ ва низомӣ дар манотиқи мавҷӯд байни пешмарга ва нерӯҳои ироқӣ аз байн биравад.