Ҳушдор дар бораи талошҳо барои эҷоди инқилобҳои рангин дар Осиёи Марказӣ

 Ҳушдор дар бораи талошҳо барои эҷоди инқилобҳои рангин дар Осиёи Марказӣ

Дар шароите, ки давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико, Украинаро ба ҷанг бо Русия тарғиб кардаанд, талош мекунанд дар Осиёи Марказӣ мушкилоти ҷадиде барои ин кишвар ва Чин эҷод кунанд

Дар ҳамин иртибот, Wei Fenghe, вазири дифои Чин дар суханоне дар «Нурсултон» таъкид кард, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд муроқиби мудохилаи «қудратҳои бузург» бошанд.

Вай дар изҳороте дар ҷараёни сафари ахираш ба Қазоқистон, ҳамчунин эълом кард; Чин бо мудохилаи хориҷӣ дар Қазоқистон мухолифасту нисбат ба вуқуъи «инқилобҳои рангин» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти пӯшиши эътирозоти мардумӣ ҳушдор дод.

Вазири дифои чин Ҳамчунин ба мақомҳои Қазоқистон ваъда дод, кишвараш қотеъона бо он даста аз неруҳои хориҷӣ, ки мардуми Қазоқистонро ба инқилоби рангӣ таҳрик мекунанд, мухолиф аст ва аз ин кишвар дар заминаи иттихози иқдомоти муассир барои ҳифозат аз амнияти миллӣ ва суботи иҷтимоии худ ҳимоят мекунад. Ин мақоми баландпояи давлати Пекин дар айни ҳол ба мақомҳои давлати Нурсултон тавсия кард, бояд муроқиби дахолати бархе қудратҳои бузург дар Осиёи Марказӣ ва иқдоми онҳо барои барҳам задани амнияти ин минтақа бавижа Қазоқистон бошем.

Изҳороти вазири дифои Чин наздик ба се моҳ пас аз бурузи эътирозоти густардаи мардумӣ дар Қазоқистон матраҳ шудааст. Мардуми Қазоқистон дар эътироз ба афзоиши баҳои гази моеъи масрафии худравҳо дар ин кишвар, аз рӯзи дувуми январ дар 20 шаҳри ин кишвар, ба баргузории тазоҳуроти зиддидавлатӣ иқдом карданд. Ин тазоҳурот, ки дар ибтидо сирфан «дар эътироз ба афзоиши баҳои сӯхти худравҳо оғоз шуда буд, дар муддати кӯтоҳе бо ҳузури шуморе аз нерӯҳои ифротӣ аз дигари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон ташдид шуд. Мутаоқибан ташдиди эътирозҳои мардумӣ, Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон аз нақши дахолатҳои хориҷӣ бавижа Амрико ва Англия ва як кишвари минтақа парда бардошт.

Вай эълом кард, бар асоси эътирофи шуморе аз муътаризини боздошт шуда, ки аксари онҳо аз атбои ғайрибумии Қазоқистон будаанд, дахолатҳои бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар ин эътирозҳо исбот шудааст. Дар ҳамин иртибот, мақомҳои давлати Нурсултон низ аз дастгирии атбои вобаста ба ҷараёнҳои эътирозии чанд кишвари минтақа бавижа Қирғизистон, Узбекистон ва ҳатто Афғонистон дар суфӯфи муътаризини қазоқ таъкид карданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин собиқа, вазири дифои Чин дар ҷараёни сафар ба Қазоқистон талош кардааст то аз нақши давлатҳои ғарбӣ ба манзури тағйири давлатҳои Осиёи Марказӣ ва рӯй кор овардани давлатҳои вобаста ба худ дар кишварҳои ин минтақа, ифшогарӣ кунад. Ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки давлатҳои ғарбӣ бо ҳадафи зарба задан ба равобити ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо Чину Русия, дар садади эҷоди инқилобҳои рангӣ дар кишварҳои ин минтақа ҳастанд.

Ба ҳамин далел, вазири дифои Чин дар ҷараёни сафари ахири худ ба Қазоқистон дар гуфтугӯ бо мақомҳои Нурсултон, ба ифшогарӣ дар иртибот бо аҳдофи Амрико ишора кардааст. Ба гуфтаи ин мақоми давлати Пекин, дар ҷараёни эътирозҳои моҳи январи соли ҷории милодӣ дар Қазоқистон, се нерӯи шайтонӣ шомили «ифротгарӣ, терроризм ва ҷудоиталабӣ» дар пушти эътирозоти мардуми Қазоқистон пинҳон шуда буданд.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, ифротгарӣ, терроризму ҷудоиталабӣ се аҳруми Амрико ва ҳомиёнаш дар Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар сӯрати фиқдони ҳимоятҳои давлатҳои мустақили минтақа, ин се аҳруми шайтонӣ метавонанд давлатҳои ҳоким бар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар муддатзамони кӯтоҳе ба зер бикашанд.

Ба иборати дигар, ин нерӯҳои шайтонӣ тавони лозим ба манзури эҷоди бесуботӣ дар ҳар кадом аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро доранд . Алалхсус, ки ин кишварҳо бо мушорикат дар тарҳҳои иқтисодии Чину Русия, ба манзури беҳбуди авзои иқтисодии миллатҳои худ талош мекунанд.

Дар ҳамин иртибот, Андрей Серенко, коршиносу таҳлилгари масоили сиёсӣ бо ишора ба фаъолиятҳои чанд соли гузаштаи Амрико дар Осиёи Марказӣ, бо баршумурдани аҳдофи сӯ ва ғайри усулии давлатҳои ғарбӣ бавижа Амрико, тасреҳ кард: «Анҷоми тағйирот дар заминаи хурӯҷи низомии Амрико аз Афғонистон ва ба таври куллӣ минтақа, дар марҳалаи нахуст ба манофеи Чин зарба хоҳад зад».

Дар ин замина метавон ба тарҳи «Камарбанд — ҷода»-и Чин дар Осиёи Марказӣ ишора кард. Ин тарҳи байналмилалӣ шомили маҷмӯъае аз тарҳҳои чинӣ аст, ки ба манзури ироаи фурсате муносиб ба давлати Пекин барои мутанавеъсозии системаи ҳамлу нақлу тадорукоти тарроӣ шудааст.

Бадеҳист, ки бо иҷрои ин тарҳи байналмилалӣ, иқтисоди кишварҳои ин минтақа бо кумаки Чин шукӯфо хоҳад шуд. Мавзӯе, ки бо нигаронии давлатҳои ғарбӣ ба хусуси Амрико дунбол мешавад. Иҷрои муваффақи ин тарҳи бузург, метавонад кишварҳои Осиёи Марказиро аз кумакҳои Амрико ва дигар давлатҳои ғарбӣ бениёз кунад.

Ширкатҳои давлатӣ ва хусӯсии ҷануби шарқии Осиё барои интиқоли маводи аввалия ба қаламрави Чину интиқоли колоҳое аз ин кишвар ба кишварҳои дигар, ба масири тарҳи Камарбанд — ҷода ниёз доранд. Бадеҳист, ки чунин фаъолиятҳое, мӯҷиботи нигаронии сиёсатмадорони тангназари амрикоиро дар пай доштааст. Бархе ифшогариҳо ҳокӣ аз он ҳастанд, ки давлати Амрико аз тариқи низомӣ ва молӣ ба манзури дастёбӣ ба аҳдофи номашрӯъи худ дар Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои ҳамсояи Русия ҳамчунон талош мекунад. Ба ҳамин далел давлатҳои Осиё Марказӣ мебоист муроқиби таҳаррукоти Амрико ва авомили вобаста ба ҷараёни ғарбгаро ва ҳамчунин туркгароӣ дар минтақа бошанд.