Ҷанги ҳастаӣ ғолиб надорад ва набояд ба он ворид шуд

 Ҷанги ҳастаӣ ғолиб надорад ва набояд ба он ворид шуд

«Владимир Путин «, раисҷумҳурии Русия ва «Ҷо Байден «, раисҷумҳурии Амрико дар ин баёния хотирнишон карданд, «Иёлоти Муттаҳида ва Русия токунун нишон додаанд, ки ҳатто дар давраҳои пуртаниш метавонанд дар аҳдофи муштараки қобили пешбинӣ дар ҳавзаи роҳбурдӣ, коҳиши хатари даргириҳои низомӣ ва таҳдиди ҷанги атомӣ пешрафт кунанд.»»

 

«Путин» ва » Байден » дар ин баёния ба тамдиди паймони Старти ҷадид миёни Русия ва Амрико ишора карданд ва афзуданд, тамдиди ин паймони намунавӣ аз таъаҳҳуди ду кишвар дар заминаи назорати таслеҳоти атомӣ аст.

Руасои ҷумҳури Русия ва Амрико дар идома бо таъкид бар ин ки » ҷанги ҳастаӣ фотеҳ надорад ва ҳаргиз набояд вориди чунин ҷанге шуд» тасреҳ карданд, мутобиқ бо аҳдофи муштарак, Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар ояндаи наздик як гуфтугӯи дуҷонибаи босубот ва роҳбурдиро оғоз хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол; Байден пас аз дидор бо Путин дар як нишасти хабарӣ эълом кард, беҳбуди равобит ва тавсеъаи ҳамкориҳо миёни Амрико ва Русия натанҳо ба нафъи ду кишвар, балки ба нафъи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳамчунин бидуни ишора ба хуруҷи ғайриқонунии кишвараш аз Барҷом аз гуфтугӯи худ бо раиси ҷумҳури Русия дар бораи Эрон ва Барҷом хабар дод.

Байден дар идома дар изҳоротии музҳик муддаӣ шуд: «Манофеъи Русия ва Амрико эҷоб мекунад, ки итминон ҳосил кунанд Эрон силоҳи ҳастаӣ надорад.» Ин изҳорот дар ҳолест, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ токунун борҳо бар пойбандии Теҳрон ба Барҷом ва сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таъкид кардааст.

Вашингтон дар давраи зимомдории «Доналд Трамп » бо хуруҷи якҷониба аз Барҷом, тероризми иқтисодиро бо ҳадафи фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи мардуми кишвар эъмол кард.

Раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико «Ҷо Байден» сиёсати пешини Кохи Сафедро дар қиболи Эрон мавриди интиқод қарор дода, аммо бозгашт ба Барҷомро машрут ба иқдоми Эрон дониста ва бидуни ишора ба ин ки кадом давлат дар қиболи Барҷом ваъдахилофӣ карда ва аз он хориҷ шудааст, ваъда додааст, ки дар сурати бозгашти Эрон ба иҷрои комили Барҷом, Вашингтон низ ба ин тавофуқ хоҳад бозгашт.

Ҷумҳӯрии исломии Эрон таъкид дорад «ҳангоме ба таъаҳҳудоти барҷомии худ хоҳад бозгашт, ки Амрико ҳамаи таҳримҳоро дар амал ва на дар ҳарф ё бар рӯи коғаз, лағв кунад ва ин лағви таҳримҳо мавриди ростиозмоии Эрон қарор гирад.»