Ҷаҳон бар зидди Исроил ба по хост

 Ҷаҳон бар зидди Исроил ба по хост

Чандин шаҳри арабӣ ва аврупоӣ рӯзи гузашта шоҳиди тазоҳуроте барои маҳкум кардани терори рӯзноманигори Шабаки ал-ҷазира ва ҳаминтавр маҳкумияти сиёсатҳои ишғолгаронаи Исроил дар Фаластин буд.

Даҳҳо нафар дар пойтахти Марокаш барои маҳкум кардани куштори Ширин Абуоқила, хабарнигори Шабакаи Ал-ҷазира тавассути низомиёни Исроил дар тазоҳурот иштирок карда ва хостори поён додани оддисозии равобит бо режими ҷинояткори Исроил шуданд.

Тазоҳуроткунандагон бо бардоштани парчами Фаластин ва тасовири ин зани хабарнигор, куштори вайро иқдоми террористӣ ва ҷинояти ҷангӣ хонданд.

Бо ҳамин манзур дар Фаластин, Пориси Фаронса, Лондани Англия, Копенҳаген пойтахти Дания ва Венаи Австрия тазоҳурот баргузор ва мардуми ин кишварҳо бо маҳкум кардани ҷиноятҳои Исроил ва куштори як хабарнигори фаластинӣ хостори поёни ин ҷиноятҳо шуданд.