Ҷиҳоди Исломӣ: Истиқболи Туркия аз Ҳертзоги террорист хиёнат ба Фаластин аст

 Ҷиҳоди Исломӣ: Истиқболи Туркия аз Ҳертзоги террорист хиёнат ба Фаластин аст

Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин истиқболи мақомоти Туркия аз раиси режими саҳюнистиро хиёнат ба Фаластин донист. Ин дар ҳоле аст, ки ҳамлаҳо ва ҷиноятҳои режими ғосиби Қудс зидди фаластиниҳо афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши «Фаластин алявм» ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ҳамзамон бо сафари «Исҳоқ Ҳертзог» раиси режими саҳюнистӣ ба Туркия бо баёнияе ин сафарро маҳкум кард.
Дар баёнияи ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин омадааст: Ин сафар дар сояи бештар шудани душманиҳои саҳюнистҳо зидди мардуми Қудс ва тарҳҳои душман барои яҳудисозии муқаддасот ва даромадани ғайриқонунии шаҳракнишинон ба масҷиди Ақсо анҷом шудааст.
Ин ҷунбиши фаластинӣ сафари раиси режими саҳюнистӣ ба Туркияро ҷонибдорӣ аз душман зидди ҷиҳоди миллати Фаластин ва ҳар гуна талош барои аз саргирии равобит бо душман ба баҳонаи манофеи ин кишвар ё он кишварро хиёнат ба Қудс ва Фаластин донист.
Ҷиҳоди Исломӣ аз иқдомҳои қудратмандонаи миллати мусулмони Туркия дар маҳкумияти ин сафар қадрдонӣ ва таъкид кард, ки истиқбол аз раиси режими саҳюнистӣ хуни шаҳидони Туркия, ки дар роҳи шикастани муҳосираи Ғазза фидокорӣ карданд ва ҳамчунин мавзеи миллати ин кишварро дар ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Фаластин нодида гирифтааст.
Пеш аз ин Ҷунбиши Муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос) дар вокуниш ба сафари раиси режими Исроил ба Туркия ва дидор бо мақомоти ин кишвар эълом кард: «Мо бори дигар иртибот бо режими Исроилро мардуд медонем.»
Ҳамос идома дод: «Мо хостори ҳимояти бештар аз мардуми Фаластин барои поён додан ба ишғолгарӣ ва ба даст овардани ҳуқуқи миллӣ худ ҳастем.»
Ҳамос ҳамчунин надодани фурсат ба режими саҳюнистӣ барои нуфуз дар минтақа ва зарба задан ба манофеъ ва масолеҳи миллатҳои минтақаро дархост кард.
Ёдовар мешавем, ки Ҳертзог раиси режими ғосиби саҳюнистӣ баъди нимрӯзии чаҳоршанбе (9 марти 2022) баТуркия сафар кард ва дар фурудгоҳи Анқара «Иброҳим Калин» мушовири аршади Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия аз ӯ истиқбол ва чанде баъд бо Ардуғон дидор кард. Ин иқдоми Ардуғон бо иддаоҳои ҳимоят аз мардуми мусулмон ва мазлуми Фаластин, ки беш аз 70 сол аст зери ҷиноятҳои саҳюнистҳо ҳастанд тазод дорад ва оддисозии равобит ва созиш бо ин режими нажодпарасти ғосиби кӯдаккуш заминаи куштору оворагии фаластиниён ва таҳдиди бештари амнияти мусулмонон ва минтақаро дар пай хоҳад дошт. Истиқболи Ардуғон аз раиси режими саҳюнистӣ аз сӯи фаъолони мусулмон ба шиддат маҳкум шуда ва онро хиёнат ба ормони озодии Қудс ва уммати исломӣ донистаанд. Дар чандин шаҳри бузурги Туркия ҳам мардум бо ин сафар мухолифат карда парчами режими саҳюнистиро ба оташ кашиданд ва шиорҳои «Марг бар Исроил» сар доданд, ки дар фазои хабарӣ ҳам бозтоби густардае дошт. Ардуғон дар ҳоле ба ишғолгарии Русия дар бӯҳрони Украина эътироз ва худро миёнҷигари сулҳ унвон мекунад, ки аз бӯҳрони Украина беш аз ҳафт рӯз мегузарад ва дар ҳамин ҳол аз раиси режиме, ки беш аз 70 сол аст як миллат ва сарзаминро ишғол ва миллионҳо овора, кушта, маҷрӯҳ, зиндонӣ ва ҷинояти рӯзона дар корномаи сиёҳи худ дорад ба гармӣ истиқбол мекунад. Чархи рӯзгор ҳақиқатҳоро барои аҳли ибрат ошкор мекунад!