Ҷойгузине барои роҳкори дудавлатӣ дар Фаластин вуҷуд надорад

 Ҷойгузине барои роҳкори дудавлатӣ дар Фаластин вуҷуд надорад

Вазири хориҷаи Русия бо баёни ин ки гуфтугӯҳои мустақим байни фаластиниҳову саҳюнистҳо танҳо роҳи расидан барои ҳалли масъалаи Фаластин аст, гуфт: Ҳеҷ ҷойгузине барои роҳкори дудавлатӣ вуҷуд надорад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия аз тамоюли Маскав ба идома додани гуфтугӯҳо бо режими саҳюнистӣ дар хусуси масоили амниятӣ дар Ғарби Осиё хабар дод.

Лавров тайи ёддоште, ки барои рӯзномаи ибризабони «Едиот Аҳронот» бо таъкид бар ин ки Русия аз музокироти мустақим байни исроилиҳову фаластиниҳо ҳимоят мекунад, навишт: Маскав бовар дорад ҳеҷ ҷойгузине барои роҳкори дудавлатӣ барои поён додан ба масаълаи Фаластин бар асоси мабнои ҳуқуқии байналмилалии шинохташуда вуҷуд надорад.

Пеш аз ин низ дафтари нахуствазири режими саҳюнистӣ эълом кард, Нафтоли Беннет, нахуствазири ин режим қарор аст 22 октябр дар шаҳри Сочи бо раиси ҷумҳурии Русия дар бораи масоили минтақа ройзанӣ кунад.