Ҷонсон пирӯзии Русия дар ҷанги Украинро “эҳтимолпазир” донист

 Ҷонсон пирӯзии Русия дар ҷанги Украинро “эҳтимолпазир” донист

Сарвазири Бритониё, ки яке аз мудофеи режими Киев аст, пирӯзии Русия дар ҷанг бо Украинаро “эҳтимоли таҳаққуқпазир” донист

Хабаргузории РИА “Новости ”иттилоъ додааст: Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё пирӯзии Русия дар Украинаро “эҳтимоли таҳаққуқпазир” донист.
«Таассуфовар он аст, ки ин “эҳтимоли таҳаққуқпазир” аст. Албатта», гуфт Ҷонсон дар нишасти хабарӣ дар шарҳи арзёбии ниҳодҳои истихборотии ғарбӣ дар бораи амалиёти вижаи Русия дар Украина, ки ба назари онҳо, метавонад то охири сол ёбаду дар ниҳоят Маскав пирӯз шавад.
Ҷонсон афзуд, Русия ҳоло ба таъмини долони заминӣ бо Мариупол хеле наздик аст.
Ҷонсон гуфт: «Ман метарсам, ки вазъ дар ин марҳила пешгӯинашаванда мешавад».

Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро «ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд».

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки «нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина» анҷом шуда, тамоми масъулини «ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта» дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.