Ҷопон ба бахши беҳдошти Тоҷикистон таҷҳизот эҳдо кард

 Ҷопон ба бахши беҳдошти Тоҷикистон таҷҳизот эҳдо кард

Кишвари Ҷопон таҷҳизоти тиббӣ ба арзиши 3 миллион доллар ба бахши беҳдошти Тоҷикистон эҳдо кард.

Ин таҷҳизот бо арзиши 3 миллион доллар аз суи Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон ба мақомоти Вазорати тандурустии кишвар таҳвил дода шуд.

Бастаи эҳдоии Ҷопон таҷҳизоти мавриди ниёзи беморхона буда аз онҳо барои дармони мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон истифода мешавад.

Тукюку Миёсути сафири Ҷопон дар Душанбе ва Муниё Тукусики намояндаи Ожонси ҳамкориҳои байналмилали Ҷопон дар Тоҷикистон ин таҷҳизотро, ки барои дармони беморони мубтало ба Ковид-19 истифода мешавад ба Муҳсин Ғафурзода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон таҳвил доданд.

Ин таҷҳизот шомили 8 дастгоҳи  оксигенсоз аст, ки беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ниёзи шадид ба онҳо доранд.

Пештар низ ин ниҳоди ҷопонӣ 6 дастгоҳи оксигенсоз дар беморхонаҳои Тоҷикистон насб карда буд.

Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон аз соли 1993 то кунун тарҳҳои зербиноӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоъиро дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика, омузишу парвариш, беҳдошту дармон ва обёрии Тоҷикистон иҷро карда ва дар ин муддат барои 2 ҳазору 380 нафар аз мутахассисони тоҷик давраҳои донишафзоӣ баргузор карда аст.

Дар ҳоли ҳозир Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон 44 лоиҳаро ба арзиши 418 миллион доллар дар Тоҷикистон дар дасти иҷро дорад, ки 324 миллион доллари он ройгон аст.