Ҷопон хонаводаи Путин ва Лавровро таҳрим кард

 Ҷопон хонаводаи Путин ва Лавровро таҳрим кард

Давлати Ҷопон 398 фарди ҳақиқӣ дар Русия шомили аъзои хонаводаи президент ва вазири хориҷаи ин кишварро таҳрим кард.

Кобинаи Ҷопон рӯзи сешанбе (имрӯз) иқдоми Амрико ва муттаҳидони ғарбии ин кишвар дар қиболи таҳрими аъзои хонаводаи Владимир Путин ва Сергей Лавровро такрор кард.

Ҷопон бо иҷрои таҳримҳои нав алайҳи Русия дар робита бо буҳрони Украина мувофиқат кард ва 398 шаҳрванди рус шомили духтарони Путин ба ҳамроҳи ҳамсари Лавровро ба феҳрасти таҳримҳо илова кард.

Ҷопон дар иқдоми ҳамоҳанг бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дороиҳои 28 ниҳоди рус шомили бузургтарин банки Русия ва бузургтарин банки ҳақиқӣ ва ҳуқуқии ин кишварро дар робита бо буҳрони Украина таҳрим кард.

Тайи ҳафтаҳои ахир Амрико, Англис ва Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи ташдиди фишорҳо бар Русия дар робита бо ҷанги ин кишвар алайҳи Украина, номи духтарони президенти Русия ва ҳамчунин ҳамсари вазири хориҷаи ин кишварро ба феҳрасти таҳримҳо илова карданд.