Куштори дастаҷамъонаи донишомӯзони кӯдак дар Амрико

 Куштори дастаҷамъонаи донишомӯзони кӯдак дар Амрико

Манобеи хабарӣ аз тирандозӣ дар мактабе дар Иёлати Техаси Амрико ва кушта шудани ҳадди ақал 21 нафар хабар доданд.

Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки дар тирандозӣ дар мактабе дар шаҳри Ювалде дар Иёлати Техаси Амрико ҳадди ақал 19 кӯдаки донишомӯз ва ду калонсол кушта шуданд.

Як ҷавони ношинос дар мактабе дар шаҳри Ювалде оташ кушод. Дар бораи ангезаҳои ҷинояткор то ҳол чизе маълум нест, вай аллакай аз ҷониби пулис маҳв карда шудааст. Ӯ танҳо амал мекард.

Волии Техас Грег Эббот таъйид кард, ки донишомӯзон ва муаллими онҳо дар тирпарронӣ кушта шудаанд ва ҳамчунин 13 талабаи дигар таҳти муолиҷаи пизишкон қарор доранд.

«Худи тирандоз кушта шудааст. Тахмин меравад, ки ӯро кормандони пулиси омада куштаанд»,-гуфт мансабдор.

Маълум аст, ки дар мактабҳои ибтидоии Амрико кӯдакон одатан аз 5 то 11-сола таҳсил мекунанд.

Дар ҷои ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд, қаламравҳои шафати ҷои ҳодиса аз ҷониби пулис муҳосира шудааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба раиси шаҳр хабар додаанд, ки ҳодисаи тирпарронӣ дар назди мактаб рух дода, онро сокини 18-солаи шаҳри Техас Салвадор Рамос содир кардааст.

Чанде аз шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки онҳо садои тирро шунидаанд, аммо маълум нест, ки гумонбар дар шаҳраки донишомӯзон оташ кушодааст ё на.

Полис ва хадамоти изтирории аёлати Техаси ИМА фавран ба макони тирпаронӣ рафтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе низ нашр шудааст, ки гӯиё лаҳзаи ҷиноят давидани ҷавон ба ба биноро сабт мекунад.

Тибқи як фарзия, ҳамлагар, эҳтимолан бо таппонча ва туфангча ба муассиса ворид шуда, пеш аз ин ба садама дучор шудааст.

Ҳамчунин маълумоте мавҷуд аст, ки ҷинояткор бибиашро пеш аз ҳамла ба мактаб куштааст.

Ин ҳодисаи даҳшатовар тирандозӣ хотираи тирандозии марговари соли 2012-ро, ки дар мактабе дар Иёлати Коннектикут рух дод дар зеҳни мардуми Амрико зинда карда ва онҳоро ба ваҳшат андохтааст.