30-умин солгарди барқарории равобити сиёсӣ байни Узбекистон ва Русия

 30-умин солгарди барқарории равобити сиёсӣ байни Узбекистон ва Русия

Вазирони хориҷаи Узбекистон ва Русия 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишварро табрик гуфтанд.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбекистон ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишварро табрик гуфтанд.

Комилов, вазири хориҷаи Узбекистон гуфт: «Русия шарики стратегӣ ва муттаҳиди Узбекистон аст ва ҳоло миёни ду кишвар дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муколамаи муассир вуҷуд дорад.”

Вазири умури хориҷаи Узбекистон дар паёми табрики худ гуфт: «дар солҳои ахир ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои парлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва фарҳанг ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфт.»

Вай изҳори итминон кард, ки талошҳои муштарак барои истифодаи муассир аз зарфиятҳои шарикии стратегӣ ба манофеи ду кишвар ва манофеъи минтақаи Осиёи Марказӣ дар оянда низ хоҳад буд.

Лавров ҳамчунин дар паёмаш навишт, ки дар солҳои ахир равобити Узбекистону Русия дар бахшҳои сиёсат, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва байниидоравӣ, муколама дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ вориди марҳалаи нав шудааст.

Вай афзуд: «Ҷониби Русия омодагии комили худро барои анҷоми кори ҳамоҳангшуда бар пояи принсипҳои иттифоқ ва бо назардошти манофеи ҳамдигар ба манофеи мардуми ду кишвар, субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва тамоми Авруосиё таъкид мекунад.»

Русия яке аз шарикони бузурги иқтисодӣ ва тиҷоратии Узбекистон аст.

Мубодилоти мол миёни ду кишвар дар соли 2021 ба сатҳи 7 миллиарду 517 миллион доллар расидааст.

Феълан дар Узбекистон беш аз 961 корхонаи муштарак бо сармоягузории Русия фаъолият мекунад, ки 64 ширкати русӣ дар Узбекистон сабти ном шудаанд.

Дар Русия беш аз 560 ширкати сармоягузорони узбек дар соҳаҳои мухталиф сармоягузорӣ мекунанд.

Русия истиқлолияти онро 20 марти соли 1992 ба расмият шинохт ва ҳамон рӯз миёни ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шуд.

Ҷумҳурии Узбекистон яке аз муҳимтарин кишварҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад, аз назари иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ аз ҷойгоҳи хубу шоистае баҳраманд мебошад ва дар солҳои охир тавонистааст равобити худро бо дигар кишварҳо тақвият бахшад ва бо иҷрои шоитаи аҳдофи худ як суботи сиёӣ ва иҷтимоӣ дар дохили мардум ва ҳокимияти миллӣ барқарор созад.