YouTube барои худ ҳукм имзо кард

 YouTube барои худ ҳукм имзо кард

Сухангӯи вазорати хориҷа Захарова русҳоро аз таҳдиди масдуд кардани YouTube ҳушдор дод

YouTube ҳукми худро имзо кард, гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар Telgram.

Ӯ маслиҳат дод: «Мӯҳтаворо ҳифз кунед, онро ба платформаҳои Русия интиқол диҳед.
Имрӯз маълум шуд, ки Google YouTube-каналии «Дума ТВ»-ро масдуд кардааст, ки дар он шарҳҳои истисноии вакилонро нашр карда, ҷаласаҳои пленариро пахш мекарданд.
Палатаи поёнӣ қайд кард, ки онҳо ба ин омода буданд ва бинобар ин дигар роҳҳоро ҷуста буданд.
Роскомнадзор дар навбати худ талаб кард, ки дастрасӣ ба ин канал барқарор шавад.

Ин ниҳод қайд кард, ки Google дар ҷанги иттилоотие, ки Ғарб оғоз кардааст, ба мавқеъи барҷастаи зидди Русия пайравӣ мекунад ва ҳамчун як платформаи калидӣ барои паҳн кардани маълумоти қалбакӣ, табъиз нисбат ба манбаъҳои расмии Русия амал мекунад.
Дар посух ба ин, Роскомнадзор рӯзи 7 апрел паҳн кардани таблиғоти Google ва манобеъи иттилоотии ин ширкатро ба далели нақзи зиёди қонунҳои Русия мамнӯъ кард.
Тадбирҳо ба Google Search, Google Play, YouTube, YouTube Music, Google Chat ва Gmail дахл доранд ва то ислоҳи қонуншиканиҳо амал мекунанд. Акнун системаҳои ҷустуҷӯӣ бояд ба корбарони интернет хабар диҳанд, ки ин платформаҳо қонунҳои Русияро вайрон мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро «ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби Киев қарор гирифтаанд.»

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки «ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина» анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули «ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта» дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.