Афзоиши тиҷорати Қирғизистон ва Қазоқистон ба ду миллиард доллар

 Афзоиши тиҷорати Қирғизистон ва Қазоқистон ба ду миллиард доллар

Дар чорчуби сафари расмии нахуствазири Қазоқистон ба Қирғизистон, нишасти Шӯрои байнидавлатии ду кишвар дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Дар чорчуби сафари расмии нахуствазири Қазоқистон ба Қирғизистон, нишасти Шӯрои байнидавлатии ду кишвар дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон ва Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон дар даҳумин нишасти Шӯрои байнидавлатии Қирғизистон ва Қазоқистон дар Бишкек ширкат карданд.

Дар ин дидор ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, об ва энергетика, кишоварзӣ ва ҳифозат аз муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷабборов бо ишора ба раванди мусбате, ки дар равобити тиҷорӣ ва иқтисодии байни ду кишвар вуҷуд дорад, гуфт: “бар асоси натоиҷи соли 2021 ҳаҷми мубодилоти тиҷории дуҷониба 35 дарсад афзоиш ёфта ва ба як миллиард доллар расидааст. Ҳадафи мо ин аст, ки тиҷорати дуҷонибаро дар ояндаи наздик ба 2 миллиард доллар бирасонем.”

Вай баргузории даҳумин нишасти Шӯрои байнидавлатиро навъе кори муқаддамотӣ барои сафари расмии Қосим Токаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Қирғизистон баён кард.

Ба гуфтаи Ҷабборов, барои баргузории маросим ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатик байни ду кишвар, дар Қирғизистон дар Қазоқистон рӯзҳои фарҳанг ва теъдоде рӯйдоди дигар барномарезӣ шудааст.

Вай ҳамчунин ба зарурати ташдиди проекти сохти маркази тиҷорӣ ва лоҷестикии санъатӣ дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистон таъкид кард.

Исмоилов хотирнишон кард, ки тасмимҳои гирифташуда дар ин нишаст кумаки қобили таваҷҷуҳе ба тавсеаи бештар ва таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни ду кишвар хоҳад кард.

Лозим ба зикр аст, ки нахуствазири Қазоқистон зимни сафари расмии худ бо Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳам дидор дошт.

Дар ин дидор раиси ҷумҳури Қирғизистон ба аҳамияти тавсеаи равобити ду кишвар ишора кард ва гуфт, ки сафари ояндаи раиси ҷумҳури ин кишвар ба Қирғизистон ангезаи ҷадиде ба ҳамкориҳое чандҷонибаи ду кишвар хоҳад дод.