Афғонистон ноамнтарин кишвари ҷаҳон барои чаҳорумин сол

 Афғонистон ноамнтарин кишвари ҷаҳон барои чаҳорумин сол

 Афғонистон барои чаҳорумин соли паёпай ба унвони ноамнтарин кишвари ҷаҳон шинохта шуд.

Муассисаи иқтисод ва сулҳ, ки солона рутбабандии кишварҳои ҷаҳонро аз назари сатҳи амният эълом мекунад, бо нашри тозатарин гузориши худ бо ишора ба вахомати шароити сулҳи ҷаҳонӣ дар як соли гузашта, Афғонистонро ноамнтарин кишвари ҷаҳон муаррифӣ кард.

Бар асоси ин гузориш, Афғонистон барои чаҳорумин соли паёпай ба унвони ноамнтарин ва кишвари ҷазираии Исландия барои сездаҳумин сол ба унвони амнтарин ва оромтарин кишвари ҷаҳон интихоб шудааст.

Дар ин радабандӣ, Зиландияи Нав ва Дания дар рутбаҳои дувум ва севум қарор гирифтаанд ва Португалия, Исловения, Утриш, Швейтсария, Ирландия, Чехия ва Канада низ дар радаҳои чаҳорум то даҳум ҷой гирифтаанд.

Дар муқобил, Афғонистон (рутбаи 163), Яман (рутбаи 162), Сурия (рутба 161), Судони Ҷанубӣ (рутба 160) ва Ироқ (рутбаи 159) ноамнтарин кишварҳои ҷаҳон шинохта шудаанд.

Муассиса иқтисод ва сулҳ, шохиси сулҳ ва амниятро бар пояи 23 шохиси каммӣ ва кайфӣ дар се ҳавзаи амнияти иҷтимоӣ, мизони танишҳои дохилӣ ва байналмилалии ҷорӣ ва дараҷаи низомӣ шудани кишварҳо таъйин мекунад, ки ба ҳамин манзур шохисҳое аз ҷумла теъдоди зиндониён, омори қатл, маргу мир ба сабаби даргириҳои дохилӣ, ҷиноӣ ва байналмилалӣ дар назар гирифта мешавад.

Яке аз муҳимтарин сабабҳои ноамнтарин кишвари ҷаҳон дониста шудани кишвар Афғонистон ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар ин кишвар мебошад, ки дар тӯли солҳои охир дар ин кишвар ҷамъ шуданд ва иқдомоти инфиҷорӣ рӯй додаанд.