Tags : Толибон

Интихоби сардабир Сиёсӣ Тоҷикистон

Оё муносиботи Тоҷикистон ва Эрон рӯ ба беҳбуд аст?

Эмомалӣ Раҳмон пас аз 9 сол ба Эрон сафар кард ва дар ҷараёни дидораш бо ҳамтои худ Иброҳими Раисӣ 17 санади ҳамкорӣ имзо шуд. Расонаҳои Тоҷикистон ба вижа расонаҳои давлатӣ баъд аз чанд сол равобити сард, сафари ду рӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эронро нишонае аз беҳбуди равобити амниятӣ ва иқтисодӣ медонанд. Ин расонаҳо […]Read More

АвруОсиё Интихоби сардабир Осиёи Марказӣ

Нигаронии кишварҳои узви СПАД аз амнияти марзҳои худ бо Афғонистон

Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) тасмим гирифтанд, ки амнияти марзҳои кишварҳои ин созмон бо Афғонистон ва дигар минтақаҳоро тақвият бахшанд. Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) тасмим гирифтанд, ки амнияти марзҳои кишварҳои ин созмон бо Афғонистон ва дигар минтақаҳоро тақвият бахшанд. Дар эъломияи поёнии нишасти сарони ин паймон, ки рӯзи […]Read More

АвруОсиё Русия

Тоҷикистон дар Афғонистон нуфузи бузург дорад

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, вазъ дар Афғонистон бояд дар заминаи муколамаи миллӣ бо ширкати нерӯҳои сиёсӣ ва ақвом ҳал шавад Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Амрико дар 20 соли ахир барои Афғонистон ҳеҷ коре накардааст. Вай таъкид кард, ки акнун вазъ дар Афғонистон бояд дар заминаи […]Read More

Байналмилал Осиё Осиёи Марказӣ

Пӯшидани бурқа барои занон воҷиб нест

Раиси дафтари сиёсии Толибон бо изҳори инки бурқа дар фармони ҷадиди ҳиҷоб бар занон воҷиб нашудааст гуфт, ки духтарони ин кишвар бо риояти ҳиҷоб ҳаққи дастрасӣ ба омӯзишро доранд. Суҳайл Шоҳин, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар бо изҳори инки дар фармони тозаи ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар бораи пӯшиши занон, пӯшидани бурқа ва пӯшондани сурат […]Read More

Интихоби сардабир иҷтимоӣ Сиёсӣ Тоҷикистон

Ҳикматёр: Афғонистон ҳам ба мухолифони мусаллаҳи тоҷик паноҳ медиҳад

Гулбиддин Ҳикматёр ҳукумати Тоҷикистонро айбдор кард, ки ба мухолифини мусаллаҳи ҳукумати кунунии Толибон дар қаламраваш паноҳ додааст. Гулбиддин Ҳикматёр, сарвазири собиқи Афғонистон дар як суханрониаш ҳукумати Тоҷикистонро айбдор кард, ки ба мухолифини мусаллаҳи ҳукумати кунунии Толибон дар қаламраваш паноҳ додааст. Ҳикматёр инро “иқдоми хасмона, бидуни муҷибу далел” номида, ҳамвазни эълони ҷанг ба зидди мақомоти кунунии […]Read More

Амрико Байналмилал Осиёи Марказӣ

Толибон Амрикоро омили нооромиҳо дар Афғонистон медонад

Гуруҳи Толибон эълон кард, ки омили бекорӣ, фақр ва ҳамаи нооромиҳо дар Афғонистон ин Амрико ва муттаҳидони он аст. Вазорати кор ва умури иҷтимоъии ҳукумати сарпарсти Толибон ахиран бо нашри як баёния гуфтааст, ки ба гунае, ки дафтари бозраси Амрико дар гузориши ахири худ навиштааст, тақрибан 500 ҳазор афғон аз моҳи июл то сентябри соли […]Read More

Байналмилал Ғарбӣ Осиё

Афғонистон ноамнтарин кишвари ҷаҳон барои чаҳорумин сол

 Афғонистон барои чаҳорумин соли паёпай ба унвони ноамнтарин кишвари ҷаҳон шинохта шуд. Муассисаи иқтисод ва сулҳ, ки солона рутбабандии кишварҳои ҷаҳонро аз назари сатҳи амният эълом мекунад, бо нашри тозатарин гузориши худ бо ишора ба вахомати шароити сулҳи ҷаҳонӣ дар як соли гузашта, Афғонистонро ноамнтарин кишвари ҷаҳон муаррифӣ кард. Бар асоси ин гузориш, Афғонистон барои […]Read More

Байналмилал Осиё Парвандаи вижа Шарқӣ

Толибон тасарруфи бахшҳое аз вилояти Панҷшер тавассути Ҷабҳаи муқовиматро рад

Сухангӯи Толибон дар вокуниш ба изҳороти сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар мавриди тасарруфи бахшҳое аз вилояти Панҷшер гуфт : Дар ин вилоят ҳеҷ « рӯйдоди низомӣ » рух надодааст . Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шаби гузашта дар Твиттер муддаӣ шуд : Тамоми манотиқи Абдуллоҳихайл ва Обшор дар вилояти Панҷшер ба ҷуз марокизи онҳо ба дасти […]Read More

Байналмилал Осиё Шарқӣ

Худдории Узбакистон аз боз пас додани ҳавопаймоҳои низомӣ ба Афғонистон

Бо дахолати кишварҳои хориҷ аз минтақа ва фишорҳои бегонагон, ба назар мерасад Узбакистон ва Толибон дар ҳоли нобудии дастовардҳои ноши аз ройзаниҳои намояндагони худ дар ҳашт моҳи гузашта ҳастанд Ба рағми музокиротҳои созандаи ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ҳаммарз бо Афғонистон ба вижа Узбакистон бо Толибон, мақомҳои Тошканд ба дархости ахири Толибон мабни бар истердоди ҳавопаймоҳо ва […]Read More

Байналмилал Ғарбӣ Осиё Осиёи Марказӣ

Исроил режими ғайриқонунии саҳюнистист

Мақомоти Толибон эълон карданд, ки режими саҳюнистӣ ғайриқонунӣ буда ва ин гуруҳ ҳеҷгоҳ Исроилро ба расмият намешиносад. Анъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи Толибон дар бораи мавзеи ин гуруҳ дар хусуси Исроил гуфт: мусалмонон набояд мавзуъи Фаластин ва Масҷидулақсо, қиблаи аввали мусалмононро фаромӯш кунанд. Вай ҳамчунин аз давлатҳои созишгар бо Исроил хост, ки вориди муъомилаи нангин бо […]Read More