Баргузории ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон

 Баргузории ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатики Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Боку баргузор шуд.

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатики Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Боку баргузор шуд.

Бар асоси гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатики Тоҷикистон ва Озарбойҷон хабар дод.

Раёсати ҳайати Тоҷикистон дар ин музокиротро Содиқ Имомӣ, муовини вазорати умури хориҷаи ин кишвар ва тарафи муқобилро Халаф Халафов, муовини вазорати хориҷаи Озарбойҷон бар ӯҳда доштанд.

Дар ҷараёни ин музокирот вазъияти кунунӣ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, энергӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангӣ ва ҳамчунин умури ҳуқуқии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Муовинони ниҳодҳои дипломатики Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар мавриди тақвияти ҳамкории ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ва дигар мавзӯоти мавриди алоқаи ду тараф баҳс ва табодули назари созанда анҷом доданд.

Раванди баргузории рӯйдодҳо ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатик байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз мавзӯоти мавриди баррасии ҳайатҳои ду кишвар буд.