Дархости Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кумак ба Афғонистон

 Дархости Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кумак ба Афғонистон

Муовини раиси давлати муваққати Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, дар ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ба дур аз таассуботи сиёсӣ шитоб кунанд.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси давлати муваққати Толибон рӯзи ҷумъа дар паёме бо ишора ба онки барф ва сели ахир вазъияти мардуми Афғонистонро бадтар карда, гуфт, ҷаҳон муваззаф ба кумак аст.

Вай афзуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз мардуми Афғонистон бидуни ҳеҷгуна таассуби сиёсӣ ҳимоят ва ба тааҳҳудоти башардӯстонаи худ амал кунад.

Абдулғанӣ Бародар таъкид кард, ки обу ҳаво (зимистон, сармо) вазъияти ҳассоси мардуми Афғонистонро бадтар кардаасту Толибон омодаи ҳамкорӣ барои тавзеъи кумакҳои байналмилалӣ дар саросари кишвар аст.

Узви аршади Толибон ҳамчунин, таҳримҳои Амрико зидди Толибонро золимона донист ва таъкид кард, таҳримҳои иқтисодии Вашингтон, мардуми Афғонистонро бо чолишҳои иқтисодӣ рӯбарӯ кардааст ва дар 20 соли ахир низ ҳеҷ кори зербиноӣ дар Афғонистон барои эҷоди иштиғол сӯрат нагирифтааст.

Ба дунболи қудрат гирифтани Толибон ва масдӯд шудани миллиардҳо доллар аз дороиҳои Афғонистон тавассути Амрико, Афғонистон бо ҳарҷу марҷи молӣ, афзоиши таваррум ва бекорӣ рӯбарӯ шудааст.

Ожонсҳои кумакрасонии ҷаҳонӣ ҳушдор додаанд, ки интизор меравад беш аз ниме аз ҷамъияти 38 миллионии Афғонистон дар зимистони имсол бо гуруснагӣ мувоҷеҳ шаванд.

Илова бар мушкилоти молӣ, вазъияти обу ҳавои Афғонистон низ мазид бар иллат шуда ва барф дар рӯзҳои ахир бештари манотиқи марказӣ ва шимоли Афғонистонро пӯшонда ва сел бахшҳое аз ҷанубро таҳти таъсир қарор додааст.

Бисёре аз афғонҳо барои таъмини ҳазинаҳои гармоиш бо мушкилоте монанди қатъии барқи густарада рӯбарӯ ҳастанд.