Изҳороти ҶИЭ дар мавриди «дахолати Покистон дар Панҷшер»

 Изҳороти ҶИЭ дар мавриди «дахолати Покистон дар Панҷшер»

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пасманзари хабарҳо дар мавриди дахолати нерӯҳои Покистон ба Панҷшер изҳор дошт, ки ҳар дахолати беруниро маҳкум мекунад

Вазорати умури хориҷаи ҶИЭ бо баёни нигаронӣ ҳамалот дар Панҷшер изҳор дошт, ки гузоришҳои дахолати Покистон дар ин ҳамлаҳоро баррасӣ мекунад.

Сайид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, ҳар дахолати хориҷӣ дар умури Афғонистон, чӣ мустақим бошад, чӣ ғайримустақим маҳкум ба шикаст аст.

Хатибзода аз Толибон даъват кард, ки ба тааҳҳудоти қаблан додаашон пойбанд бошанд
Ӯ гуфт, Эрон ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Панҷшер буда, нигарони нақзи ҳуқуқҳои башардӯстӣ дар минтақа аст. Хитобзода бо нигаронӣ аз гуруснагӣ, қатъи обу барқи мардуми минтақаи Панҷшер афзуд, ки ҳуқуқи башардӯстона бояд риоя карда шавад.

Фумҳурии Исломии Эрон аз ҳукуматдорони нав дар Афғонистон хост, масъулона рафтор кунанд.
Хатибзода инчунин ҷонибдории Эронро ба ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон баён дошт, ки намояндагони қавму қишрҳои гуногун дар он шомил бошанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Толибон аз тасаллуташон бар Панҷшер хабар дода, афзуданд, ки феълан 34 вилояти ҷумҳуриро таҳти назорат доранд. Нерӯҳои ҷабҳаи муқовимат эълон доштанд, ки Толибон бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии Покистон ба минтақа ҳамла карданд, аммо онҳо таслим нашуда, муборизаро давом хоҳанд дод. Назари ҷониби Покистон феълан дар мавриди иддаои истифодаи нерӯҳояш дар Панҷшер маълум нест.