Омодагии Эрон барои таъмини амнияти Тоҷикистон

 Омодагии Эрон барои таъмини амнияти Тоҷикистон

Коргуруҳи муштараки амнияти Тоҷикистон ва Эрон сабаби иртиқои амнияти ду кишвар мешавад.

Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон таъкид кард: «ташкили коргуруҳи муштараки амниятӣ байни Теҳрон ва Душанбе, амнияти ду кишварро иртиқо медиҳад.»

Ба нақл аз VKD, Сайидмаҷиди Мираҳмадӣ, ки барои ширкат дар нахустин иҷлоси коргуруҳи муштараки амниятии Эрон ва Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафар кардааст, бо Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Вай бо ташаккур аз меҳмоннавозӣ ва истиқболи хуби тарафи тоҷик, ташкили коргуруҳи муштараки амниятиро сабаби иртиқои амнияти ду кишвар ва беасаргардонии таҳдидҳои душманони ду миллат донист ва ба иродаи ҷиддии тарафи эронӣ барои иҷроӣ шудани тавофуқҳо ва фармонҳои раҳбарон ва сарони ду кишвар, ба манзури тақвияти равобит дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард.

Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эъломи инки амнияти Тоҷикистонро амнияти Эрон медонем, омодагии Эронро барои ҳар навъ кумаке дар ин замина эълом намуда ва изҳори умедворӣ кард, ки коргуруҳи муштараки амниятии ду кишвар битавонад бистарҳои лозимро дар ин бора фароҳам созад.

Мираҳмадӣ бо ишора ба иштирокоти тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон, тасҳили сафар ва тараддуди шаҳрвандони ду кишварро барои мубодилоти тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ, омили муҳиме барои тавсеаи ду кишвар донист ва хостори эҳтимоми ду тараф барои фароҳам кардани шароити лағви раводиди шаҳрвандони ду кишвар шуд.

 Иҷрои тавофуқҳои сарони ду кишвар

Рамазон Раҳимзода, вазири кишвар Тоҷикистон ҳам дар ин дидор ба талош барои иҷроӣ шудани тавофуқҳои байн ду тараф таъкид кард.

Вай ташкили коргуруҳи муштараки амниятиро сабаби тақвияти равобит ва иҷроӣ шудан тамоюлоти мақомоти олии ду кишвар ва тавофуқҳои имзошудаи қаблӣ донист ва омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилиро барои тавсеаи равобит дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ҷурмҳои созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир эълом кард.

Вазири кишвари Тоҷикистон бартараф шудани таҳдидҳои минтақаӣ ва терроризмро дар сояи ҳамкории наздиктари ду кишвар унвон кард ва хостори иҷроӣ шудани тавофуқҳои сарони ду кишвар дар дидорҳои ахири онҳо шуд.