Истиқболи Макрон аз мавқеи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон

 Истиқболи Макрон аз мавқеи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон

Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса аз талошҳои Тоҷикистон барои суботи минтақа ва мавқеаш дар бораи Афғонистон истиқбол кардааст.

Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз дар Париж ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар мавриди вазъияти амниятии минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистон бо ҳам гуфтугӯ мекунанд.

Макрон ба хабарнигорон гуфт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон як марзи муштараки тӯлонӣ дорад ва “мо дар робита ба ин кишвар дидгоҳҳои муштаракӣ дорем”.

Ӯ изофа кард: “бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди кумаке, ки Фаронса метавонад ба ин кишвар барои басуботоварии авзоъ дар Афғонистон бикунад, сӯҳбат хоҳем кард.”

Дар ҳоли ҳозир Фаронса ва Тоҷикистон ду кишвареанд, ки мухолифати шадиди худро алайҳи давлати Аморати исломии Толибон дар Афғонистон ошкоро эълом кардаанд. Ҳар ду кишвар пештар гуфтаанд, ки режими Толибонро ба хотири рафтори ин гурӯҳ дар баробари занон ва фарогир набудани ҳокимияташон ба расмият намешиносанд.

Макрон, раисҷумҳури Фаронса ҳамчунин гуфт:”набояд бо гурӯҳҳои террористӣ ва арзишҳое, ки мо аз онҳо дифоъ мекунем, ба вижа беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи занон, созиш шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт Тоҷикистон Фаронсаро “шарики қобили эътимод” дар Аврупо медонад.

Дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Узбакистон, муддатҳо пеш бо Толибон иртибот барқарор кардаанд, мақомоти тоҷик аз ҳамкорӣ бо гурӯҳи Толибон худдорӣ кардаанд.

Раисҷумҳур Раҳмон пештар аз таҷаммӯъи “гуруҳҳои террористӣ” дар марзи ҷанубии Тоҷикистон шикоят карда ва ахиран як нишони ифтихориро ба Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи пешини зидди Толибон дар Афғонистон эъто кардааст.

Ҳамчунин гузориш шуда, ки Тоҷикистон ба раҳбарони муқовамат алайҳи давлати Толибон низ паноҳ дода ва аз онҳо ҳимоят кардааст.

Дар ҳамин ҳол Толибон дар вокуниш ба изҳороти гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки Тоҷикистон дар умури Афғонистон мудохила мекунад. Толибон ба Душанбе ҳушдор додаанд, ки “барои ҳар иқдоме аксуламале дар пай хоҳад дошт.”

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳафтодушашумин иҷлоси маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид, гуфта буд “дар ҳоле, ки намехоҳад дар умури дохилии Афғонистон мудохила дошта бошад, вале бовар дорад, ки барои ҳали масоили сиёсӣ ва амниятии ин кишвар, бояд интихобот баргузор шавад ва давлате бо мушорикати ҳама ақвом, ба миён биёяд”.

Ин иддаъои Раҳмон дар ҳолест, ки ҳукумат дар кишварашро мунҳасири хонаводаи худаш кардааст. Писараш бо такя задан ба курсии раиси Маҷлиси Миллӣ нафари дувуми кишвар аст ва духтараш ҳам бинобар дар даст доштани сиёсати кадрӣ дар раёсати Дастгоҳи иҷроии раисҷумҳур, амалан нафари савум маҳсуб мешавад. Бештари вазирону раисони ҳукумати Раҳмон наздикон ва қудоҳои ӯ ҳастанд.

Гурӯҳи Толибон як моҳ пеш давлати сарпарасти худро ба раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон кардааст. Дар миёни аъзои кобинаи эъломшуда аз сӯи Толибон, бархе аз аъзои “шабкаи Ҳаққонӣ”, ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Амрико қарор дорад, самтҳои калидӣ касб кардаанд.

Аксар аъзои кобинаи Толибонро паштунҳо ташкил медиҳанд ва то ҳол ҳеҷ зане дар кобина ва ё самтҳои болоӣ иҷроии дигаре муаррифӣ нашудааст.

Давлати Толибон то кунун аз сӯи ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудааст: Аммо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хоҳони кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз эҷоди як буҳрони инсонӣ ҳастанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд таъсис ҳар гуна ҳукумат бидуни дар назардошт манофеъи ҳама ақвоми Афғонистон, паёмадҳои “фалоктабор” хоҳад дошт.