Паёмҳои тавлиди паҳподи эронӣ дар Тоҷикистон

 Паёмҳои тавлиди паҳподи эронӣ дар Тоҷикистон

 Як пойгоҳи хабарии лубнонӣ ба баррасии паёмҳо ва аҳамияти ифтитоҳи Корхонаи паҳподи эронӣ дар Тоҷикистон пардохт ва таъкид кард, ки Теҳрон дар ин замина, рақобати танготанаге бо абарқудратҳо дорад.

Бо вуҷуди таҳримҳои шадиди Амрико ва ғарб алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз чиҳил соли пеш то кунун, Теҳрон натанҳо муваффақ шуд худро дар заминаи сохти паҳпод дар рутбаҳои нахуст байни кишварҳои ҷаҳон қарор диҳад, балки имрӯз ба рақиби муҳим барои кишварҳои бузург дар заминаи тавлид ва содироти паҳпод табдил кунад.

Пойгоҳи хабарии Аҳди Лубнон бо муқаддимаи фавқ, ба баррасии тавлиди паҳподи Эрон дар кишвари Тоҷисктон пардохт ва навишт, дар авҷи даргириҳои Русия ва Украина, Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди муштараки Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз сафар ба Тоҷикистон, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва масъулони аршади низомии он дидор кард.

Ба гузориш Аҳд, хабаре, ки дар ин сафар нашр гардид ва боис шуд, ки Амрико ва режими саҳюнистӣ ба шиддат битарсанд ва онро як рухдоди фоҷиабор тавсиф кунанд, ин буд, ки сарлашкар Боқирӣ, Корхонаи тавлиди паҳподҳои “Абобил-2” дар Душанберо ифтитоҳ кард.

 Абобил-2 як паҳподи тактикии камҳазина аст, ки барои маъмуриятҳои шиносоӣ, муроқибат ва ҳамла тарроҳӣ шудааст. Бурди он ба 200 километр мерасад ва метавонад ба муддат яку ним соат дар ҳаво бимонад ва ба иртифои 11000 пой бирасад. Ин паҳпод дорои қобилияти расади масоҳати 770 километри мураббаъ дар амалиётҳои таҷассусӣ ва шиносоӣ аст ва метавонад аз қоиқҳои маъмулӣ ва тундрав ва ҳамчунин комюнҳои бузурги низомӣ ба ҳаво бархезад.

 Аммо аҳамият ва паёми ин иқдоми роҳбурдии Эрон чист?

Сафари сарлашкар Боқирӣ, таваҷҷуҳи кишварҳои ғарбӣ ва режими муваққати саҳюнистиро ба худ ҷалб кард ва боис шуд, ки саволҳои бисёре дар зиҳнҳои онон ба вуҷуд ояд. Аммо ин иқдоми Эрон паёмадҳое ба ҳамроҳ дорад, ки иборатанд аз:

Нахуст; бо вуҷуди инки таърихи сохти паҳпод дар Эрон ба се даҳаи қабл бозмегардад, ин барои нахустин бор аст, ки Эрон ба сурати расмӣ ва ошкор, хатти тавлиди паҳпод дар як кишвари дигар роҳандозӣ мекунад. Сохти ин корхона, бароянди иҷрои тавофуқоти дуҷониба байни кумитаи низомӣ ва дифоии муштарак байни ду кишвар аст.

Дувум; ҳамкории низомӣ байни Эрон ва Тоҷикистон аз ҷумла дар ифтитоҳи корхонаи паҳподи Абобил-2 дар Душанбе аз муҳимтарин ва боризтарин натоиҷи рафъи таҳрими таслиҳотии Эрон аст; чаро, ки бино ба қатъномаи 2231-и Шӯрои амният, тамоми маҳдудиятҳои воридорот ва содироти силоҳ ба Эрон аз октябри 2020 лағв шудааст. пас Теҳрон ба сурати қонунӣ метавонад силоҳи сабук, мушак, болгард ва тонк хариду фурӯш кунад, аммо нигаронии аслии саҳюнистҳо ва ғарб ин аст, ки Эрон дар баландмуддат ба рақиби ҷиддӣ дар заминаи содироти таҷҳизоти низомӣ ба Осиёи Марказӣ табдил шавад.

Севум; густариши ҳамкории низомӣ ва дифоии Эрон ва Тоҷисктон, далели маҳкаме ба беҳбуди равобити Теҳрон-Душанбе аст. Сафари Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, нақши муҳиме дар ҳалли ихтилофҳо ва тақвияти равобити ду кишвар дошт. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам пас аз 9 сол, ба Теҳрон сафар кард ва бо Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ, раҳбар инқилоби исломии Эрон дидор кард. Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳам дар ин дидор гуфт, ки паҳподҳо, омили муҳиме дар амнияти кишварҳо ҳастанд.

Чаҳорум; ин ҳамкории амниятиро наметавон аз мавзӯи густурдатари табдили Эрон аз нозир ба узви доими Созмони Ҳамкори Шанхай ҷудо кард. Дар воқеъ, Теҳрон дар сентябри 2021 ба Созмони Шанхай пайваста буд ва бар ин асос, тавофуқҳои низомии ахир бо Тоҷикистон, мавқеияти низомӣ ва дифоии Эронро дар ин созмон тақвият кард ва заминаро барои қарордодҳои мушобеҳ бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамвортар хоҳад кард.

Панҷум; эҳтимолан ин ҳамкории низомӣ байни Теҳрон ва Душанбе, боиси тақвияти тавонмандиҳои амниятии Тоҷикистон хоҳад шуд, то битавонад бо таҳдидҳои террористӣ монанди ДИИШ муқобила кунад; ба вижа инки Тоҷикистон ҳазору 200 километри мураббаъ марзи муштарак бо Афғонистон дорад.

Шашум; ин иқдом боиси тавозуни низомӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳад шуд. Ин ду кишвар соли гузашта танишҳои марзии зиёде бо ҳам доштанд. Қирғизистон ҳам аввалин кишвари Осиёи Марказӣ буд, ки паҳпод иҷангии байрақдори сохти Туркияро харида буд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар ҷиҳати тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоӣ ва низомӣ байни Теҳрон ва Душанбе, бо ҳиммату талоши мутахассисони саноеи дифоии Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ Ҷумҳурии Исломии Эрон, Корхонаи тавлиди паҳподи Абобил 2 бо ҳузури сарлашкар Боқирӣ ва Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва ҷамъе аз фармондеҳони олирутбаи кишвари Тоҷикистон дар Душанбе ифтитоҳ шуд.

Сарлашкар Боқирӣ бо ишора ба инки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо талоши мутахассисон ва донишмандони мутааҳҳиди худ ва бо истифода аз зарфиятҳои дохилӣ тавонистааст дар тамоми абъоди низомӣ ва дифоӣ ба вежа ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин рушди қобили таваҷҷуҳе дошта бошад; гуфт: «имрӯз дар ҷойгоҳе ҳастем, ки метавонем илова бар рафъи ниёзҳои дохилӣ ба кишварҳои ҳампаймон ва дӯст дар ҷиҳати афзоиши амният ва сулҳи пойдор, таҷҳизоти низомӣ содир кунем».

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи ҶИЭ ифтитоҳи тавлиди Корхонаи Абобил-2 дар Тоҷикистонро нуқтаи шоистае дар ҳамкориҳои низомӣ байни ду кишвар унвон кард ва таъкид кард: «ИншоАллоҳ дар оянда шоҳиди афзоиши ҳамкориҳо ва таомулоти бештар аз тамоми сатҳҳои дифоии низомӣ байни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон хоҳем буд.»

Дар поён калиди намодини ифтитоҳи Корхона ва гувоҳиномаи поёни давраи омӯзишӣ ба фармондеҳ ва коркунони неруи ҳавои Тоҷикистон ҳадия шуд.