Оё муносиботи Тоҷикистон ва Эрон рӯ ба беҳбуд аст?

 Оё муносиботи Тоҷикистон ва Эрон рӯ ба беҳбуд аст?

Эмомалӣ Раҳмон пас аз 9 сол ба Эрон сафар кард ва дар ҷараёни дидораш бо ҳамтои худ Иброҳими Раисӣ 17 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Расонаҳои Тоҷикистон ба вижа расонаҳои давлатӣ баъд аз чанд сол равобити сард, сафари ду рӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эронро нишонае аз беҳбуди равобити амниятӣ ва иқтисодӣ медонанд. Ин расонаҳо сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва дидораш бо ҳамтои эрониро сафари қобил таваҷҷӯҳ арзёбӣ кардаанд.

Тоҷикистон ба шакли қобил таваҷҷуҳе талошҳояш барои эҳёи муҷаддади равобит бо Эронро афзоиш додааст, махсусан дар шароите, ки чолишҳои амниятии дар ҳоли зуҳур, минтақаро таҳдид мекунад. Эрон то соли 2015 ва қабл аз онки равобит тира шавад, бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон буд.

Дар он замон Тоҷикистон иттиҳомҳои мухталифе алайҳи Эрон матраҳ кард аз ҷумла инки Эрон дар ҷараён ҷанги дохилии 1992 то 1997 дар замони ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз гурӯҳҳои исломии мухолиф ҳимоят кардааст. Дар охири соли 2015 Эрон дар як нишасти байналмилалӣ мизбони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуд; иқдоме, ки Душанберо асабонӣ кард. Дар он замон раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Муҳиддин Кабирӣ дидор кард.

Дар муқобил Эрон ҳам Тоҷикистонро муттаҳам кард, ки ба воситаи Бобаки Занҷонӣ, даллоли нафтӣ, ду миллиард доллар аз дороиҳои Эронро, ки дар бонкҳои Душанбе буда, дуздидааст. Тоҷикистон борҳо ин иттиҳомҳоро рад кардааст.

Чӣ касоне истиқбол карданд?

Хабаргузори Азия Плюс дар гузорише аз натоиҷи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон ва дидор бо мақомоти ин кишвар истиқбол кардааст. Нависандаи мақола навиштааст: «аз соли 2019, махсусан дар бахшҳои амниятӣ ва дифоӣ беҳбудии қобили таваҷҷуҳе дар равобити ду кишвар эҷод шудааст. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба шиддат нигарони амнияти марзҳояш бо Афғонистон ва Қирғизистон аст, ҳамкориҳои дифоӣ аҳамияти вижае барои ин кишвар дорад.»

Бо ин ҳол Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси равобити Эрон ва Афғонистон, эътиқод дорад, ки бисёр зуд аст натиҷа бигирем равобити ду кишвар беҳбуд ёфтааст. Оқои Бекмуҳаммад ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст: «ҳар ду тараф бояд аз гузашта дарс гирифта бошанд, бояд хатти қирмизҳо ва манофеи миллии тарафи муқобилашонро ба расмият бишиносанд ва саъй кунанд алайҳи он иқдоме накунанд.»

Ин коршиноси сиёсӣ таъкид мекунад, ки ифтитоҳи Абобили-2 дар Тоҷикистон иқдоми ғайримунтазира дар минтақа буд, ки «паёми муҳиме дошт».

Корхонаи паҳподсозии Абобили-2 чанде пеш бо ҳузури мақомоти аршади низомии Эрон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Пеш аз ифтитоҳи ин корхона ҳам мулоқотҳои низомии дигар дар моҳҳои қабли он анҷом шуда буд, ки коршиносон онҳоро нишонае аз «об шудани яхи равобит»-и ду кишвар тавсиф мекарданд.

Ба гуфтаи оқои Бекмуҳаммад бо таваҷҷуҳ ба тозатарин таҳаввулот дар минтақа ва ҷаҳон, барои Тоҷикистон бисёр аҳамият дорад, ки дар канори Русия ва Чин, як муттаҳид ва шарики дигар монанди Эрон дошта бошад; кишваре, ки дорои забон ва фарҳанги муштарак аст.

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Муллоҷон, устоди таърих иқдомоти ду кишварро «қадамҳои асоси барои гушоиши фасли тоза дар равобити ду кишвар» тавсиф кардааст. Ӯ мегӯяд: «таҳаввулот дар ҳамсояи Афғонистон, ноамнии марзӣ бо Қирғизистон ва ҷанги Украина марҳилае ҷадид дар равобити байналмилал пеш овард, ки сабаб шудааст бори дигар ду кишвар ба ҳам наздиктар шаванд.»

Бахтиёр Холиқов, раиси бахши равобити хориҷӣ дар маркази мутолиоти стратегӣ мегӯяд, ки сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон нишонаи «поёни давраи бесуботӣ» дар равобити ду кишвар аст: «дар ин марҳила, ду кишвар бояд ҳамкории худро дар бахшҳои амниятию сиёсӣ, лоҷестикӣ ва иртиботот ва ҳаминтавр тиҷорати иқтисодӣ густариш диҳанд.»

Далелҳои гарм шудани равобити Тоҷикистон ва Эрон

Радио озодӣ дар гузорише ба таҳаввулоти ахир дар равобити ду кишвар ва авомиле пардохта, ки боиси «гарм шудани равобит байни Тоҷикистон ва Эрон» шудааст.

Бар асоси ин гузориш, таҳлилгарон умеди зиёде доранд, ки дидорҳои мутақобили ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистон ва Эрон равобити ду тарафро беҳбуд диҳад.

Ба гуфтаи Абдулмолик Қодиров, таҳлилгари сиёсӣ, далели аслӣ, беҳбуди равобити шароити марзӣ бо Афғонистон аст, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам Эрон таҳдиди ҷиддӣ ба шумор меравад ва далели дувум, ихтилофҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон аст.

Ӯ мегӯяд: «Қирғизистон аз Туркия силоҳ мегирад ва аз ҳимояти кишварҳои турк бархурдор аст. Тоҷикистон наметавонад дар ин замина ба Маскав такя кунад, чун Русия аз дахолат дар ин мавзӯот худдорӣ мекунад ва онро буҳрони дохилӣ медонад. Бинобарин, Эрон танҳо шарике аст, ки дар ин шароит метавонад аз Тоҷикистон дифоъ кунад.»

Суҳроби Зиё, хабарнигори BBC дар Душанбе, далелҳои наздик шудани Тоҷикистон ба Эронро интавр баршумурдааст: «аввал аз ҳама, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрон бо Русия иттиҳоди стратегӣ доранд; кишваре, ки беш аз сад рӯз гирифтори ҷанг бо Украина шудааст. Ҳарчанд Русия як пойгоҳи бузурги низомӣ дар Тоҷикистон дорад, аммо зоҳиран аз бурузи нооромиҳои эҳтимолӣ дар Осиёи Миёна, як минтақаи таҳти нуфузаш нигарон аст. Ва шояд ба ин далел, фикр мекунад, ки беҳтар аст Тоҷикистон ва Эрон дар марҳилаи кунунӣ равобити беҳтаре дошта бошанд.»

Ба гуфтаи Суҳроби Зиё, бозгушоии корхонаи паҳподсозии Абобили-2 дар Душанбе, посухе ба қарордоди Қирғизистон барои хариди паҳподи байрақдор аз Анқара аст.

Аҳамияти дигар замони дидори Эмомалӣ раҳмон аз Эрон ба таҳаввулоти ахири Афғонистон ва ба қудрат бозгаштани Толибон дар ин кишвар марбут аст, ки дар ҳар ду кишвар ба нигарониҳои амниятии бештар доман задааст. Ба ин далел, аҳамияти хосси равобити Эрон бо Тоҷикистонро дар иртибот бо ҳамсояи муштаракашон ва Толибон бояд дар назар гирифт.

Тоҷикистон ва Эрон дар даврони ҳукумати қаблии Толибон дар Афғонистон дар солҳои 1996-2001 бо ин гурӯҳ мухолифат доштанд ва аз иътилофи шимол ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд ҳимоят мекарданд.

«Чашми бадхоҳон дур бод»

Ҳафтҳномаи хусусии «Пайк» , ки ҳомии давлати Тоҷикистон аст, дар сармақолааш коршиносон ва таҳлилгаронеро, ки назарҳоии манфӣ дар бораи талоши Тоҷикистон барои наздик шудан ба Эрон доштаанд, маҳкум кардааст.

Аҳмад Иброҳим, сардабири ҳафтҳномаи Пайк, навиштааст: «аз замони истиқлолияти Тоҷикистон, ин панҷумин бор аст, ки ин кишвар саъй дорад ҳамкориҳояшро бо Эрон тавсеа диҳад, аммо дубора аз тарафи бадхоҳон таҳти фишор аст. Бадхоҳоне, ки ҳамон мавзӯоти қадимии мазҳаб ва ифротгароиро пеш мекашанд, то эҳтимоли шаклгирии равобити созанда миёни ду кишварро аз байн баранд.»

Ба гуфта Иброҳим «бадхоҳон» аз расонаҳои ҷамъӣ истифода мекунанд, ки «тухми ихтилоф ва мушоҷираро бикоранд», то нагузоранд равобити ду кишвар беҳбуд ёбад.

Аммо веб-сайти хабарии «Паём» вобаста ба мухолифон дар Аврупо имзои 16 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Эронро чунин таҳлил карда ва навиштааст: «бо вуҷуди гумоназаниҳои фаровон дар расонаҳо ва маҳфилҳои сиёсӣ дарбора «ҷаҳиш»-и равобити ду кишвари форсизабон баъд аз як даҳа сардии равобит, 10 санад аз 16 санади имзошуда, тафоҳумнома аст» ва ба гуфтаи ин веб-сайт хабаре дар шаш санади имзошудаи дигар ҳам «ҳеҷ тавофуқи муҳим ва чашмгирӣ дида намешавад.»

Бар асоси гузориши расонаҳои тоҷикию эронӣ, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузури Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳур Эрон, 17 санади ҳамкорӣ дар Теҳрон имзо шуд, ки бештари онҳо тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни вазирон ва мақомоти ду кишвар буд.

Ба ҳар ҳол сафари мақомоти ду кишвар ва талошҳо барои густаришу тавсеаи равобит навиди як фасли ҷадиде дар равобит байни ду кишвар медиҳад, ки бояд мунтазир монд, ин тавсеа ва таҳкими равобит пас аз чанд сол сардӣ дар равобит то чӣ андоза метавонад корсоз бошад ва интизорҳоро бароварда созад.