Таъкиди сафири Тоҷикистон ва бахши бозаргонии Русия ба тақвияти равобит

 Таъкиди сафири Тоҷикистон ва бахши бозаргонии Русия ба тақвияти равобит

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Маскав ва раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеи Русия дар мавриди роҳҳои тақвияти мушорикат байни маҳофили тиҷории ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Ба нақл аз сомонаи сафорати Душанбе дар Маскав, дар дидори сафири Тоҷикистон дар Маскав ва раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеи Русия дар мавриди роҳҳои тақвияти мушорикат байни маҳофили тиҷории ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Сергей Котирин, раис утоқи бозаргонӣ ва саноеи ин кишвар мулоқот кард.

Дар ин дидор чашмандози тавсеаи равобити дуҷонибаи тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузори баррасӣ шуд ва дар мавриди роҳҳои тақвияти мушорикат байни маҳофили тиҷории Тоҷикистон ва Русия табодули назар гардид.

Ду тараф дар бахши дигаре ба лузуми баргузории ҳамоишҳои тиҷорӣ ва намоишгоҳҳои тахассусӣ ишора дошта ва изҳор карданд, ки дар чорчуби чунин рӯйдодҳо корофринони ду кишвар метавонанд дар мавриди афзоиши мубодилаи тиҷорӣ ва табодули таҷрибаҳо гуфтугӯ кунанд.

Дар ин росто, мавзӯи афзоиши содироти коло аз Тоҷикистон ба Русия мавриди таваҷҷуҳи вежаи тарафайн қарор гирифт.

Дар поёни ин мулоқот, ду тараф алоқа ва омодагии муштараки худро барои кумак ба ташдиди равобити тиҷории ду кишвар бо ҳадафи тақвияти таомули тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Русия иброз доштанд.

Қайд карда мешавад, ки дидори сафири Тоҷикистон бо раиси утоқи бозаргонии Русия дар фазои гарму дӯстона баргузор шуд.

Тоҷикистон сармоягузорӣ ва гардиши молии худ бо чанд кишвар аз ҷумла Русияро бо ҷиддият дар пеш гирифтааст, аммо фисоди идорӣ асару натиҷаи ин сармояугзориҳоро бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ кардааст.