Толибон Амрикоро омили нооромиҳо дар Афғонистон медонад

 Толибон Амрикоро омили нооромиҳо дар Афғонистон медонад

Гуруҳи Толибон эълон кард, ки омили бекорӣ, фақр ва ҳамаи нооромиҳо дар Афғонистон ин Амрико ва муттаҳидони он аст.

Вазорати кор ва умури иҷтимоъии ҳукумати сарпарсти Толибон ахиран бо нашри як баёния гуфтааст, ки ба гунае, ки дафтари бозраси Амрико дар гузориши ахири худ навиштааст, тақрибан 500 ҳазор афғон аз моҳи июл то сентябри соли 2021 ҷои кори худро аз даст додаанд.

“Сабаби асосии ин ҳама нооромиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон ИМА ва муттаҳидони он аст”,-таъкид кардааст Вазорати кор ва умури иҷтимоъӣ ҳукумати сарпарасти Толибон.

Дар баёния ҳамчунин гуфта шудааст, ки Толибон умедвор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо лағви таҳримҳои ҷорӣ ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳи вижае хоҳад кард, то зиндагии мардум ба ҳолати оддӣ баргардад ва мизони бекорӣ коҳиш ёбад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳукумати Толибон тарҳҳои макроиқтисодиро барои коҳиши бекорӣ ва дастёбӣ ба худкифоии кишвар, аз қабили ифтитоҳи сарбанди Қуштепа, истихроҷи маъданҳо дар ҳавзаи шимолӣ, оғози кор ва тасҳилот дар амали шудани пружаи ТАПИ, таъмини амният сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳимоят аз сектори хусусӣ ва даҳҳо барномаи дигарро фароҳам кардааст.

Садҳо ҳазор нафар пас аз суқути кишвар ба дасти Толибон ҷои кори худро аз даст доданд.

Сармоягузорон аз кишвар фирор карданд, бонкҳо бо бӯҳрони пардохтпазирӣ рӯбарӯ шуданд ва миллионҳо нафар ба фақрӣ дучор шуданд.

Бар асоси арзёбиҳои байналмилалӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 24 миллион нафар дар ин кишвар ба кумаки оҷил ниёз доранд. Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ҳамаи дороиҳои Афғонистонро масдуд карда ва буҳрони иқтисодӣ ва гуруснагии бесобиқаеро дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст.