Толибон дар наздикии марзи Тоҷикистон (видео)

 Толибон дар наздикии марзи Тоҷикистон (видео)

Дар навор қатори мошинҳои зиреҳпӯш, силоҳ ва ҷангиён дида мешавад.

Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он қатори мошинҳои зиреҳпӯш, ки аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи радикалии «Толибон»* (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) забт шудааст дида мешавад.

Наворбардор чандин мошинҳои зиреҳпӯш ва аслиҳаро нишон медиҳад.

Гуфтушуниди ҷангиён дар навор нест. Наворбардор такрор ба такрор «Алҳамдулиллоҳ» мегӯяд.

Тавре Андрей Серенко, роҳбари маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон дар канали Телеграми худ менависад, ки ба корвони ба ҳамин хеле монанд, артиши ҳукуматӣ зарба зад. Ин сиёсатшинос мегуӯяд: «Мотосиклҳои ҷангиён ҳамчун мукофот мераванд».

Ёдовар мешавем, ки 22 июн Толибон гумруки гузаргоҳи Шерхон-Бандарро забт карданд.
Пас аз ҷанг, миёни Толибон ва низомиёни афғон, беш аз сад сарбози ҳукуматӣ ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.

Дар наздикии он иншооти аз ҷиҳати стратегӣ муҳим — пули дуҷониба аз болои дарёи Панҷ мегузарад. Маҳз тариқи ҳамин пул молу коло аз Эрон ва Покистон ба Тоҷикистон мерасад.