Толибон тасарруфи бахшҳое аз вилояти Панҷшер тавассути Ҷабҳаи муқовиматро рад кард

 Толибон тасарруфи бахшҳое аз вилояти Панҷшер тавассути Ҷабҳаи муқовиматро рад кард

Сухангӯи Толибон дар вокуниш ба изҳороти сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар мавриди тасарруфи бахшҳое аз вилояти Панҷшер гуфт : Дар ин вилоят ҳеҷ « рӯйдоди низомӣ » рух надодааст .

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шаби гузашта дар Твиттер муддаӣ шуд : Тамоми манотиқи Абдуллоҳихайл ва Обшор дар вилояти Панҷшер ба ҷуз марокизи онҳо ба дасти неруҳои ин ҷабҳа афтода ва Толибон мутаҳаммили талафоти сангине шудаанд .
Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз манобеи Афғонистон, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид- сухангӯии Иромати исломӣ дар вокуниш ба иддаои Ҷабҳаи муқовимат дар твитте навишт:Дар Панҷшеру Тахор ҳазорон тан аз неруҳои ин гуруҳ ҳузур доранд ва « ба душман маҷоли таҳаррукоти манфӣ дода нахоҳад шуд » .
Муҷоҳид ҳар гуна пешравӣ аз сӯи аносири Ҷабҳаи муқовиматро беасос донист ва гуфт : Неруҳои Толибон контроли авзоъро дар ҳамаи манотиқи кишвар ба даст доранд.
Ин дар ҳоле аст Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи « Ҷабҳаи муқовимат » шаби гузашта дар твитте муддаӣ шуд : Тамоми манотиқи Абдуллоҳхайл ва Обшор ба ҷуз марокизи онҳо ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтода ва марокизи ин вулусволиҳо низ дар муҳосира аст ва Толибон хостори таслим шудаанд .
Аҳмадӣ гуфт : Ин ҳамлаи « Ҷабҳаи муқовимат » замоне анҷом шуд, ки Иморати исломӣ дар дараи Абдуллоҳхайл ва Обшор барои анҷоми бозрасиҳои хона ба хона дар ҳаракат буд . Ӯ иддао дорад ки дар ин ҳамалот 13 тан аз неруҳои Толибон кушта ва панҷ василаи зиреҳии онҳо нобуд шудааст .Аҳмадӣ дар идома муддаӣ шудааст, ки посгоҳи « Дуоб » дар Панҷшер низ тавассути неруҳои Ҷабҳаи муқовимат тасарруф шудааст . Ӯ эълом кард ки дар ин ҳамла 9 неруи Толибон кушта ва шаш нафари дигар асир шудаанд . Пештар ин ҷабҳа иддао карда буд, ки бахшҳое аз вилояти Тахорро низ тасарруф кардаанд . Дар авоили тасаллути Толибон дар Афғонистон,Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд-фарзанди фармондиҳи фақиди даврони ҷиҳод Аҳмадшоҳи Масъуд дар вилояти Панҷшер таҳаррукотеро зидди Толибон оғоз кард, аммо дар ниҳоят Толибон бо тасарруфи ин вилоят султаи худро бар саросари Афғонистон густариш дод .