Фаврӣ! қатли ду лидери Бадахшон дар ҷараёни амалиёти вижаи мақомот

 Фаврӣ! қатли ду лидери Бадахшон дар ҷараёни амалиёти вижаи мақомот

Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Тирчид дар Хоруғ Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, ду лидери Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушта шуданд.

Бар асоси гузориши расонаҳо, рӯзи 12 июн дар ҷараёни як амалиёти вижа дар маҳаллаи УПД (Тирчид) дар шаҳри Хоруғ Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, ду лидери Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушта шуданд.

Як рӯз қабл ду лидери дигари ин минтақа Мунаввар Шанбиев ва Толиб Аёмбеков дастгир шуда, қаблан Мамадбоқир Мамадбоқиров террор шуда буд ва Амриддин Аловатшоев ҳам ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.

Ба ин тартиб, аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон ҳоло фақат Ёдгор Мамадасламов боқӣ мемонад. Ӯ дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон зиндагӣ мекунад.