Ёддошти сафири собиқи Англис дар Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ

 Ёддошти сафири собиқи Англис дар Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ

сафири собиқи Англис дар Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ дар ёддошти шахсӣ тағйироту иттифоқҳои ахир дар ҳавзаи Қафқозро мавриди таҳлил қарор додааст.

Одом Томсон, намоянда ва сафири собиқи кишвари Англис дар Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) дар ёддоште, ки дар сомонаи шахсии худ мунташир кардааст, ба тағйироту иттифоқҳои ахир дар ҳавзаи Қафқоз, ба вижа кишвари Озарбойҷон ишора кардааст ва роҳбурдҳои эҳтимолии НАТО ва кишварҳои ғарбиро тавзеҳ додааст. Ёддошти вай бо унвони “рӯёи ширини НАТО дар соҳили Дарёи Хазар” нашр шудааст.

Дар ин ёддошт чунин омадааст:

Ҷанги 2020-и Арманистону Озарбойҷон бо ғафлати НАТО дар таърихи 10-и ноябар поён ёфт ва сулҳи нопойдор бар асоси тавофуқҳои мубҳам шакл гирифт. Ҳарчанд Арманистон мутобиқи қатъномаи 243/62 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи иҷбор Қарабоғро ба Озарбойҷон дод, вале сояи нооромиҳои қавмӣ ва ҷангҳои сарзаминӣ ҳануз бар сари Қафқози ҷанубӣ сангинӣ мекунад. Бо густариши ҳузури низомии Русия ва Туркия дар ҷанбуи Қафқоз ва таъсиси пойгоҳи низомии ҷадид дар Қарабоғ тавассути Маскав ва Анкара таҳти пӯшиши барқарории сулҳ вазнаҳои амниятии минтақа бар ҳам хӯрдааст.

НАТО ба ҳайси ҳофизи сулҳи пойдор дар сатҳи байналмилалӣ ҳамеша бо Русия дар муқобила буда ва хоҳад буд. Озарбойҷон ҳамкории худро бо НАТО дар қолаби мушорикати инфирод барои сулҳ оғози амалиёте намудааст. Туркия ба намояндагии НАТО сохтори низомӣ ва таҷҳизоти Озарбойҷонро дар ин солҳо мутобиқи истардартҳои НАТО бозсозӣ намудааст. Ҳарчанд Боку ҳануз узви НАТО нашудааст, вале ба ҳайси яке аз ҳампаймонони ҷиддии НАТО дар минтақа аз аҳамияти зиёде баҳраманд аст. Дахолати мустақими Русия ба вижа низомиёни рус дар Қафқози ҷануб барони НАТО як масъалаи ғайри қобили қабул хоҳад буд.

Талоши Туркия барои созмондеҳии артиши Озарбойҷон таҳти назорати Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ қобили ситоиш аст. Иттисоли сарзаминии Туркия ба Озарбойҷон ҳамчун иттисоли сарзаминии НАТО ба соҳили Дарёи Хазар хоҳад буд ва тарҳе аст, ки аз 15 соли пеш то ҳоло дар дастури кори Туркия ва НАТР қарор дорад. Имтидоди сарзаминӣ ва истиқрори НАТО дар соҳили Хазар аз тариқи заминӣ ҳамеша ҷузви стратегияҳои дастнаёфтании НАТО будааст.

Дастёбии НАТО ба соҳили Хазар ҳадафи арзишманде аст, ки ба тарроҳӣ ва барномаи дақиқ ниёз дорад. НАТО аз ҳар иқдоми босуботкунанда дар минтақа ҳимоят мекунад. НАТО аз музокироти Озарбойҷону Арманистон дар масъалаи мубодилаи сарзаминӣ ва иттисоли Нахҷавон ба Озарбойҷон бо қудрат ҳимоят хоҳад кард ва онро як иқдоми рӯ ба ҷилва ва мусабт барои роҳбурдоҳи НАТО арзёбӣ менамояд. Албатта чашмпӯшии Эравон аз марзи худ бо Эрон бисёр дардовар ва кушанда хоҳад буд, ки ниёз ба ироаи замонаҳо ва ангизаҳои ҷаззоб ба Арманистон аст.

Дар сурати иттисоли заминии Нахҷавон ба Озарбойҷон – ба ҳар шакли мумкин- ҳама чиз омода мешавад барои инки дар кӯтоҳтарин замон бо дархости Озарбойҷон барои пайвастан ба НАТО мувофиқат кунад. Пайвастани Озарбойҷон ба НАТО як иқдоми бузург ва рӯёии Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ дар иҷрои стратегияи густариши НАТО ба шарқ хоҳад буд. Истиқрори НАТО дар соҳилҳои ғарбии Дарёи Хазар ба мафҳуми ҳамсоягии НАТО бо Эрон ва такмили муҳосираи Русия аз ҷануби ин кишвар хоҳад буд.

Бо истиқрори НАТО дар соҳилҳои ғарбии Дарёи Хазар фақат як иқдом барои ҳаммарз шудани НАТО бо Чин боқӣ мемонад ва он ҳам бо узвияти Қазоқистон дар НАТО комил мешавад.

Англис бо ҳимояти Амрико ва таҳти пӯшиши НАТО ба осонӣ метавонад тасаллути роҳбурдии худро аз соҳилҳои Боку ба Теҳрон ва Маскав таҳмил кунад.

Ғафлати стратегияи аъзои НАТО дар гурӯҳи Минск дар ҷанги 2020 байни Арманистону Озарбойҷон сабаб шуд, ки Русия дар Қарабоғ мустақар шавад, вале ин ғафлат бо иттисоли сарзаминии Нахҷавон ба Озарбойҷон ҷуброн шуд ва метавонад барги барандаи НАТО дар рақобати стратегӣ бо Маскав ва Теҳрон дар Қафқози ҷанубӣ бошад.

Ман аз оқои нахусвазир (нахустваризи Англис) дархост дорам, ки дар ин замони ҳассоси таърихӣ ҳамаи тавои худро ба кор бигирад, то охирин гомро барои итмоми тарҳи 15 солаи НАТО иҷроӣ кунад. Лондон бо мушорикати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар қолаби НАТО бояд аз иродаи Озарбойҷон барои иттисоли сарзаминӣ ба Нахҷавон ҳимоят кунад. Инчунин ин эътилоф бояд Арманистонро ба ин бовар бирасонад, ки аз марзи ҷанубии худ бо Эрон чашмпӯшӣ кунад. Бо иттисоли Нахҷавон ба Озарбойҷон ва бо пайвастани Боку ба НАТО рӯёи густариши НАТО то марзи Чин ҳосил хоҳад шуд.