Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба ду корманди Вазорати молия ба гумони даст доштан дар тасарруфи ғайриқонунии маблағи калон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Маркази матбуотии Агентӣ гузориш додааст: “Нисбат ба Наргиз Рузиева, сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молия ва мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Тахмина Юсупова мутобиқи моддаҳои 245 […]Read More
Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе
Бар асоси гузориши палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, миссияи истеҳсолкунандагони молҳои Қазоқистон дар Тоҷикистон аз 17 то 19 май дар доираи сафари расмии Косим-Жомарт Токаев, президенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир мегардад. Форуми тиҷоратӣ аз ҷониби ҶСК Маркази рушди сиёсати тиҷоратии “QazTrade”-и Қазоқистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Интизор меравад, ки дар форум […]Read More
Бар асоси гузориши нави макроиқтисодӣ, коршиносони БАОР бар ин назаранд, ки интиқоли маблағ ба кишвар аз ҷониби муҳоҷирони корӣ яке аз омилҳои асосии суръат гирифтани рушди иқтисодиии кишвар мебошад. Дар гузориш таъкид мешавад: “Дар шароити оғози пандемия ва коҳиши фаъолмандии иқтисодӣ дар кишварҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҳо кор мекарданду имконоти равуо байни кишварҳо маҳдуд […]Read More
Кумаки пулӣ ба хонаводаҳои қурбониёни мунақишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ
Ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ба манзилҳои шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда ташриф оварда, аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд ва ба ҳар оила 70 ҳазор сомонӣ, дар умум ба 10 оила 700 ҳазор сомонӣ кумаки […]Read More