Як омӯзгори мактаби миёна дар шаҳри Кӯлоб сирко нӯшида, дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Табибон гуфтанд, Сафар Ҷалилови 31-сола, устоди тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби рақами 7-и Кӯлоб, ду ҳафта дар шуъбаи эҳё хобид ва ҳоло дар ҳуҷраи муқаррарист. Сафар Ҷалилов рӯзи 19-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки «пас аз фишорҳои зиёди […]Read More
Навруз Ҷаъфаров, сардори Раёсати санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва бино ба тавофуқе, ки миёни раҳбарони ду кишвар ҳосил шудааст, 150 ҳазор вояи ваксинаи “Коронавак” аз сӯи тавлидгари чинӣ “Синовак” дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. “Ин теъдод ваксина замоне интиқол хоҳад ёфт, ки ҷониби […]Read More
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи ин ниҳод гузориш дод, дар қаламрави кишвар умуман давоми се моҳ 223 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ба иттилои манбаъ, аз ин шумор 12-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо фарорасии фасли баҳор, пас аз боронҳои шадид, сел, ярч, санглох зарари […]Read More
Ӯро моҳи январи соли 2020 дастгир ва 16-уми апрел бо гуноҳи, ба гуфтаи мақомот, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ба як сол зиндон маҳкум карда буданд. Далер Шарифов мегӯяд, аз аввал бо ин иттиҳом розӣ набуд ва ҳанӯз ҳам худро гунаҳкор намешуморад. «Магар гуфтани камбуд ва ё мушкилҳо ҷиноят аст?» Радиои Озодӣ: Оё аз пеш […]Read More
Тоҷикистон Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба пойбанд набудан ба кумак дар ислоҳоти сохтории полиси кишвар муттаҳам кард. Ба гузориши сафҳаи Шӯрои иҷтимоии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Фейсбук, ҳамоҳангкунандаи ислоҳоти сохтории полиси Тоҷикистон навиштааст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба тааҳҳудоти хеш дар ин замина дар ҳафтсоли ахир амал накардааст. Валихон Ҳамдамзода таъкид […]Read More
Ба гузориши сомонаи Тоҷ вик, сокинони тоҷики ин рӯсто муддаӣ шудаанд, ки қирғизҳо ба таври якҷониба дар минтақаи ҳануз аломатгузорӣ нашуда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пули иртиботӣ дар сарчашмаи руди Исфара бино кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки ба ин иқдоми қирғизҳо эътироз карданд, ки ба даргирӣ анҷомид. Бо ҳузур ба мавқеи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз идомаи […]Read More
Ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар ин муддат ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба як миллиарду 794 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл 33 дарсад ( 452 миллион доллар ) бештар мебошад. Дар ин муддат мизони воридоти Тоҷикистон 844 миллиону 500 ҳазор доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи […]Read More